"Гуфт, гӯшатро мебурам": шарҳи Рустам Азизӣ дар бораи занозании мухолифин бо дипломатҳо

Рустам Азизӣ, ноиби мудири Маркази исломшиносӣ, узви ҳайати расмии Тоҷикистон дар ҷаласаи САҲА дар Варшава, занозанӣ миёни фаъолони Ҳизби мамнӯи наҳзати исломӣ ва дипломатҳои тоҷикро шарҳ дод
Sputnik

ДУШАНБЕ, 12 сен — Sputnik. Рустам Азизӣ, мудири Маркази исломшиносии назди раисиҷумҳури Тоҷикистон мегӯяд, муноқишаи ахир дар ҳошияи ҷаласаи САҲА дар Варшава, ба муносиботи Тоҷистону ин созмон халал ворид нахоҳад кард.

Ӯ дар шарҳи занозанӣ ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, 11 сентябр замоне ҳайати расмии Тоҷикистон аз маҷлисгоҳи САҲА берун мешуд, яке аз фаъолони мухолифин — Сулаймони Орзу ба дасти Аёмиддин Сатторов, собиқ узви раёсати ҲНИТ (ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ) коғазе бо навиштаҷоти "зиндониҳои сиёсиро озод кунед",  дод ва хост  акс бардорад.

Посухи роҳбари САҲА ба эътирозгарон: иштироки террористон мамнуъ, барои дигарон озод

Аммо як намояндаи Тоҷикистон ин амали фаъоли сиёсиро таҳқир ҳисобида, коғазро аз дасти Айёмиддин Сатторов гирифта партофтааст.

Ба гуфтаи Рустам Азизӣ дар ҳамин лаҳза фаъоли наҳзатӣ дар хитоб ба намояндаи Тоҷикистон гуфт, "агар як бори дигар ин коратро кунӣ гӯшатро мебурам".

Дар пайи ин миёни тарафҳо раддубадале шуду муноқиша рух дод.

"Ман наметавонам бигӯям, ки ин иғвоангезии барқасдона буд, ё қазияи худҷӯш. Аммо бештар ба иғвоангезӣ монанд буд, чун аъзои мухолифин қасдан ба намояндагони Тоҷикистон таҳдид мекарданд.  Ба ҳар сурат занозании шадиде нашудааст, танҳо як шаппотӣ буд ва дарҳол онҳоро ҷудо карданд", — тавзеҳ дод Азизӣ.

САҲА занозании байни намояндагони ҳукумат ва оппозитсияи тоҷикро маҳкум кард

Аъзои ҳайати расмӣ мегӯянд,  барои шиддат нагирифтани вазъ хостанд, макони муноқишаро тарк кунанд, вале намояндагони мухолифин мошинро иҳота карда, монеи ҳаракаташон шудаанд.  Аммо намояндагию ҳайатҳои диломатӣ дар ҳар кишвар аз ҳуқуқи дахлнопазирӣ бархӯрдоранд ва маъмурини пулис ба қазия мудохила карда, якчанд намояндаи мухолифинро боздошт кардаанд.

Ингиборг Солрун Гисладоттир, мудири Дафтари демократия ва ҳуқуқи башари САҲА занозаниро маҳкум карда, аз намояндагони мақомоти Тоҷикистон барои сари вақт ба ҷои ҳодиса ҳозир нашудани посбонони ин ҷаласа узрхоҳӣ кардааст. Ӯ изҳор доштааст, ки ҳоло полис ба таҳқиқи ин қазия оғоз кардааст ва иштирокчиёни муноқиша то анҷоми тафтишот дар ҷаласа иштирок нахоҳанд кард.

Ингиборк Солрун Гисладотгир таъкид намудааст, ки чунин муноқишаҳо мухолиф ба фарҳанг ва руҳияи ташкилот мебошанд.

Ба гуфтаи Азизӣ ин муноқиша ба муносибатҳои Тоҷикистону  САҲА ҳеч халале ворид нахоҳад кард.

Наҳзатиҳои пешин дар ҳайати расмии Тоҷикистон вориди Варшава мешаванд

"Албатта намояндагони Тоҷикистон дар ҷаласаҳои САҲА иштирокашонро давом хоҳанд дод. Бо ин амал тарафи мухолифин тарзи муборизаи сиёсиашонро нишон доданд", — афзуд ӯ.

Ҷаласаи арзёбиҳои ҳуқуқи башари САҲА, ки рӯзи 10-уми сентябр дар шаҳри Варшава оғоз шуд, дар баробари фаъолони мухолифин дар хориҷи кишвар, аз ҷумла аъзои ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ, чанд мақоми баланпояи кишварро аз Душанбе ба ҳам овард.   

Ҷаласа аз 10 то 21 сентябр дар Полша баргузор мешавад. Ҳамоиши солонаи САҲА барои баррасии иҷрои уҳдадориҳо дар мавриди ҳуқуқи инсон, бузургтарин рӯйдоди сол дар ин бахш арзёбӣ шуда, имсол дар он 1800 намоянда аз 57 кишвари узв ва шарикон иштирок доранд.