ДУШАНБЕ, 12 сен — Sputnik. Тибқи иттилои шаҳрдорӣ лоиҳаи Ғафур Ҷӯраев бо номи "Субҳ" ғолиби озмуни кушоди байналмилалӣ дониста шуда, пайкараҳои мутафаккирон дар боғи "Низомиддин Алишер Навоӣ" — и Душанбе насб карда мешаванд.
Озмуни мазкур ва насби муҷассамаҳои Ҷомию Навоӣ дар Душанбе бар асоси амри раисиҷумҳури Тоҷикистон амалӣ мегарданд.
Тибқи амри Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, аввали соли равон номи боғи "50-солагии ҷавонон", воқеъ дар кӯчаи Беҳзоди шаҳри Душанбе тағйир дода шуда, Боғи "Низомиддин Алишер Навоӣ" таъсис дода шуд.
Раисиҷумҳур Рустами Эмомалиро муваззаф карда буд, ки дар ин боғ пайкараҳои Нуриддин Абдураҳмони Ҷомӣ ва Низомиддин Алишер Навоӣ ҳамчун рамзи дӯстии халқҳои Тоҷикистон ва Узбакистон гузошта шаванд.