Қарори шаҳрдорӣ дар бораи шеваи нави мусофирбарӣ дар Душанбе

Шаҳрдории Душанбе эълон кардааст, ки хизматрасонии мусофирбарӣ дар масирҳои рақами 8 ва 10 -и пойтахт пурра тариқи кортҳои электронӣ роҳандозӣ мешавад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 12 сен — Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуоти шаҳрдории Душанбе, қарори мазкур аз 18 сентябри соли равон мавриди амал қарор мегирад.

Туркия дар Душанбе корхонаи истеҳсоли автобус месозад

"Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба таваҷҷуҳи сокинон ва меҳмонони  шаҳри Душанбе мерасонад, ки шурӯъ аз 18 сентябри соли 2018 дар хатсайри автобуси №8 ва троллейбуси  №10  хизматрасонӣ пурра тариқи кортҳои нақлиётӣ ба роҳ монда мешавад", — омадааст дар иттилоия.

Автобуси рақами 8 дар хатсайри Фурӯдгоҳи кӯҳна — маҳаллаи Зарафшон ва троллейбуси рақами 10 дар масири маҳаллаи Обшорон — Қарияи-боло мусофирбарӣ мекунанд.

Шаҳрдорӣ аз шаҳрвандон хоҳиш кардааст, ки кортҳои электрониро аз терминалҳои назди истгоҳҳо, нуқтаҳои фурӯш ва мағозаҳои фурӯши рӯзномаю маҷаллаҳо дастрас намоянд.