Обуҳавошиносон: дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаву чангу ғубор боқӣ мемонад

Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳаво тағйирёбандаи абрнок шуда, дар бештари ноҳияҳо чангу ғубор боқӣ мемонад. Шурӯъ аз имрӯз то охири ҳафта дар кишвар ҳарорат рӯ ба пастшавӣ меорад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 12 сен — Sputnik. Бино ба иттилоии Ожонсии обуҳавошиносии Тоҷикистон, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои камабри тағйирёбанда шуда, ҳарорат дар ғарби вилоят шабона 7-12, рӯзона 25+30 ва дар шарқи ин вилоят шабона 5 ва рӯзона +13+18 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Суғд ҳаво қисман абрноки тағйирёбанда шуда, дар водиҳо шабона +12+17 ва рӯзона +26+31 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон ҳавои камабри тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, чангу ғубор ба амал меояд. Ҳаво дар водиҳо шабона +14+16 ва рӯзона 31+33 дараҷа гарм хоҳад шуд.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво абрноки тағйирёбанда гашта, дар баъзе ноҳияҳо чангу ғубор боқӣ мемонад. Шабона +10 +15 ва рӯзона +30+35 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбандаи камабр пешгӯӣ шуда, шабона +10+12 ва рӯзона +33+35 дараҷа гарм мешавад.