Сафари Раҳмон ба ВМКБ: дар Ванҷ мактаб кушоду ба кормандони амният хона дод

Субҳи имрӯз Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ба ВМКБ бо мақсади шиносоӣ бо вазъи иҷтимоӣ, иқтисодӣ, фарҳангии мардум, ифтитоҳи як қатор иншооти нав ва мулоқот бо сокинон ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон сафар кард
Sputnik

ДУШАНБЕ, 11 сен — Sputnik. Бино ба иттилои дафтари матбуоти раисҷумҳур, сафари кории Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон аз ноҳияи Ванҷ оғоз шуд.

Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ванҷ бинои наву замонавии Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 4-ро ифтитоҳ намуд.

"Бинои нави Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 4 дар маркази ноҳияи Ванҷ барои 1280 нафар хонанда дар ду баст пешбинӣ гардида, дорои муосиртарин шароити таълиму тарбия барои насли наврас мебошад. Иншооти мазкур аз се бинои ду ва сеошёна иборат мебошад", — гуфт манбаъ.

Эмомалӣ Раҳмон тоҷикистониёнро бо ҷашни Истиқлолият табрик кард

Инчунин ба гуфтаи манбаъ, раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ба фаъолияти бинои нави маъмурии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ванҷ оғози расмӣ бахшиданд.

Бинои нав аз 3 ошёна иборат буда, бо тарҳи зебою замонавӣ дар масоҳати 2033 метри мураббаъ қомат афрохтааст ва дорои 52 ҳуҷраи корӣ мебошад.

Дафтари матбуоти раисҷумҳур иттилоъ додааст, ки дар ноҳияи Ванҷ, Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, бинои Қасри фарҳангро ифтитоҳ кард.

Корҳои сохтмонӣ дар бинои Қасри фарҳанги ноҳияи Ванҷ соли 2016 оғоз гардида, аз тарафи коргарону мутахассисони маҳаллӣ ба анҷом расонида шудаанд.

Иншооти мазкур аз ду ошёна иборат буда, толори барҳавои он дорои 350 ҷойи нишаст мебошад.

"Зимни ифтитоҳит иншооти мазкур раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудааст, ки дастгирии соҳаи фарҳанг аз авлавиятҳо дар сиёсати иҷтимоии Ҳукумати мамлакат қарор дода шудааст", — гуфт манбаъ.

Навори ифтитоҳ ва равуои Раҳмон дар нахустин эстакадаи Тоҷикистон

Манбаъ афзуд, ки ифтитоҳи бинои Қасри фарҳанг дар ноҳияи Ванҷ барои баргузории чорабиниҳои гуногуни фарҳангӣ, қонеъ сохтани талаботи маънавии сокинон ва баланд бардоштани малакаи касбии кадрҳои ҷавон имконоти васеъ фароҳам меоварад.

Инчунин бино ба иттилои манбаъ, Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дар доираи сафари кориаш ба ноҳияҳои ВМКБ дар ноҳияи Ванҷ бинои маъмурии шуъбаи Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистонро, ифтитоҳ намуданд.

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дар ҳамин ҷо калиди хонаҳои истиқоматии ду ва сеҳуҷрагиро ба кормандони шуъбаи Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар ноҳияи Ванҷ супорид.

Президенти кишвар кормандони соҳаро ба хизмати софдилонаву содиқона ба нафъи халқу Ватан ва саҳмгузории бештар дар таъмини сулҳу суботи ҷомеа даъват намуд.