Таъсиси созмони нав дар Полша алайҳи наҳзатиҳо ва ба ҷонибдорӣ аз раисиҷумҳури Тоҷикистон

Гуруҳи ҷавонони Тоҷикистон дар Полша алайҳи гуруҳҳои зиддиконститутсионӣ ва ба ҷонибдории сиёсати раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 9 сентябри соли равон "Ҷамъияти донишҷӯёни тоҷик"-ро таъсис додаанд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 10 сен — Sputnik. Дар изҳороти "Ҷамъияти донишҷӯёни тоҷик"-и Полша, ки хабаргузории давлатии "Ховар" нашр намудааст, иттилоъ дода шуд, ки ҷамъияти навтаъсис, сиёҳкории гуруҳҳои зиддиконститутсионӣ дар Аврупоро маҳкум мекунад.

Гуруҳи донишҷӯёни тоҷик, ки худро 270 нафар гуфтаанд, изҳор доштаанд, ки ҷамъиятро барои ояндаи дурахшони Тоҷикистон таъсис додаанд.

Наҳзатиҳои пешин дар ҳайати расмии Тоҷикистон вориди Варшава мешаванд

"Фаъолияти ноҷавонмардона ва амалҳои иғвоангези гуруҳҳои зиддиконститутсионии Тоҷикистон, бахусус фаъолону роҳбарони ҳизби террористию экстремистии наҳзати исломиро, ки дар кишварҳои Аврупо худро паноҳандаи сиёсӣ муаррифӣ карда, Ватани худ, миллати худ, халқи худ, қавми худ, давлати худ ва тамоми арзишҳои ватандориро дар назди ҷомеаи Аврупо сиёҳ мекунанд, ҳамзамон барои равнақи Точикистону ободию осиштагии сокинони кишвари азизамон бо ҳар роҳ монеа эҷод мекунанд, бо чашми худ дар  Полша дида ва эҳсос карда, нангу номус, ифтихори ватандорӣ ва ҳуввияти миллии мо, донишҷӯёни тоҷик боло гирифт ва моро нагузошт, ки ба ояндаи Ватанамон бетарафӣ намоем", — омадааст дар изҳорот.

Онҳо таъкид намудаанд, ки зуҳуроти терроризму экстремизм, нооромӣ, бесуботӣ, иғвоангезӣ, ҷудоиандозӣ ва бенизомиро, ки роҳбарони ҳизби террористию экстремистии наҳзати ислом дар кишварҳои Аврупо пешаи худ қарор додаанд, маҳкум карда, маҳз барои рушди Тоҷикистон талош меварзанд.

Аъзоёни ин ҷамъият афзудаанд, ки барои дастгирӣ ва ҷонибдории сиёсати созандаи Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон муттаҳид шуда, тамоми қувваю дониш ва иродаи худро барои рушди Ватан равона мекунанд.

Раҳмон: мо бо ҳизби терористиву экстремистии наҳзат ягон ҳуҷҷат имзо накардаем

"Дар назди Ватану миллат ваъда медиҳем, ки дар кишвари  Полша бо сари баланд таҳсил карда, барои муарифӣ намудани миллати тоҷик дар арсаи ҷаҳонӣ бо роҳи ноил шудан ба дастовардҳои бузург кӯшиш мекунем", — омадааст дар изҳорот.

Дар зери изҳорот номи чор нафар —  Эмомалӣ Эмомзода, Муминҷон  Абдуғаффоров, Суҳроб Рустамов ва Мавлуда Ашӯрова зикр шудааст.

Таъсиси ҷамъияти нав дар ҳолест, ки гуруҳҳои мухолиф ахиран дар Полша аз таъсиси иттиҳоди нав зери унвони Паймони миллии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Инчунин феълан дар Варшава ҷаласаи солонаи САҲА дар бораи ҳуқуқи инсон ҷараён дорад, ки дар он баробари ҳайати расмии Тоҷикистон аъзои созмонҳои дар кишвар мамнуъ низ иштирок мекунанд.

Ба ҳайати расмии Тоҷикистон дар ин ҷаласа Низомиддин Зоҳидзода, ноиби аввали вазири умури хориҷӣ, Вафо Ниятбекзода, сардори Раёсати таҳлил ва иттилооти ВКХ, Рустам Азизӣ, ноиби мудири Маркази исломшиносӣ, собиқ аъзои ҲНИТ, устоди Донишгоҳи исломӣ Абдураҳим Каримов, Мавлавӣ Айёмиддин ва дигарон шомил мебошанд.