Дар Хуҷанд барои ҷавонону наврасон маркази хизматрасонии “Мумтоз” ифтитоҳ шуд

Давлаталӣ Саид, муовини якуми Сарвазири Тоҷикистон ва Раҷаббой Аҳмадзода Раиси вилояти Суғд дар шаҳри Хуҷанд Маркази савдо ва хизматрасонии “Мумтоз”-ро ифтитоҳ намуданд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 8 сен — Sputnik. Дар шаҳри Хуҷанд бахшида ба 27-умин солгарди ҷашни Истиқлолияти Тоҷикистон Маркази савдо ва хизматрасонии "Мумтоз" ифтитоҳ шуд, иттилоъ додааст дафтари матбуоти ҳукумати Вилояти Суғд.

Дар маросими ифтитоҳи Маркази савдо Давлаталӣ Саид, муовини якуми Сарвазири Тоҷикистон ва Раҷаббой Аҳмадзода Раиси вилояти Суғд ҳузур доштанд.

Ба гуфтаи манбаъ маркази савдо ва хизматрасонии "Мумтоз" асосан барои фурӯши хӯроки сабук, яхмос ва нӯшокиҳо ва ғайра пешбинӣ шуда, барои ҷавонону наврасон макони хуби истироҳату фароғат мебошад.

Дар пойтахт бахшида ба рӯзи Истиқлолият мусобиқаи гӯштингирӣ ва аспдавонӣ баргузор мешавад

Зимни марсоими ифтитоҳ раиси вилоят таъкид кард, ки дар вилояти Суғд то соли 2021 бунёду баистифодадиҳии зиёда аз се ҳазор иншооти гуногун дар назар гирифта шудааст.

Дар ҳамин ҳол, Давлаталӣ Саид, муовини якуми Сарвазири Тоҷикистон, фаъолони вилоятро даъват намуд, ки дар оянда низ баҳри саҳм гузоштан дар корҳои ободониву созандагӣ ҳидоят намоянд.

Пас аз маросими ифтитоҳ, дар маркази савдо хатнатӯйи 10 нафар кӯдакон аз оилаҳои ниёзманд баргузор шуд.