ДУШАНБЕ, 7 сен — Sputnik. Сержанти пулис роҳбари худро бо туфангчаи шахсиаш дар ҳавлии назди Шӯъбаи вазорати корҳои дохила дар деҳаи Чапаевои вилояти ғарби Қазоқистон куштааст, иттилоъ додааст расонаи хабарии "Мой город".
Бино ба иттилои манбаъ ҳодиса дар нимаи дуюми рӯзи панҷшанбе рух додааст.
"Дар деҳа Чапаеви ноҳияи Акжаикск дар ҳавлаии назди Шӯъбаи вазорати корҳои дохила, сержанти пулис аз туфангчаи шахсиаш сардорашро, парронда ӯро ба ҳалокат расондааст, иттилоъ додааст, намояндаи пулиси вилоятӣ ба хабаргузории "Мой город".
Нисбати ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ боз шуда, тафтишот идома дорад.