Кормандони гумрук дар фурудгоҳи Хуҷанд шаҳрванди Чинро бо 42 ҳазор доллар дастгир карданд

Кормандони гумруки фурудгоҳи Хуҷанд як шаҳрванди Чинро, ки бо тариқи пинҳонӣ аз назорати гумрукӣ беш аз 42 ҳазор долларо ба Чин интиқол диҳад, дастгир шуд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 6 сен — Sputnik. Ҳангоми гузаронидани назорати гумрукии хатсайри "Хуҷанд-Урумчӣ" дар Фурудгоҳи байналмиллалии шаҳри Хуҷанд, аз тарфи кормандони гумрук шаҳрванди Чин Ван Идо, соли таваллудаш 1962 дастгир шуд бо беш аз 42 ҳазор доллар дастгир шуд.

Ба гуфтаи манбаъ, дар натиҷаи муоина аз дохили махфигоҳи бағоҷи дастиаш, 42 ҳазору 755 доллар, як ҳазору 643 юан ва 4 ҳазору 350 сомонӣ, дарёфт ва мусодира шуд.

Кормандони гумрук дар Душанбе як телефонфурӯши қонуншиканро боздошт карданд

"Мувофиқи маълумотномаи филиали "Амонатбонк" дар шаҳри Бӯстон арзиши умумии асъори мусодирашуда бо қурби расмии Бонки миллии Тоҷикистон, беш аз 409 ҳазор сомониро ташкил медиҳад", — таъкид кардааст манбаъ.

Манбаъ афзудааст, ки маблағи мазкурро шаҳрванди Чин мехост бо тариқи пинҳонӣ аз назорати гумрукӣ аз Тоҷикистон ба Чин интиқол диҳад.

Нисбати ҳолати мазкур алайҳи шаҳрванди Чин Ван Идо парвандаи ҷиноятӣ боз карда шудааст ва ба додситонии нақлиёти вилояти Суғд фиристода шудааст.