Арабистони Саудӣ барои шӯхиҳои динӣ муҷозот хоҳад кард

Арабистони Саудӣ паҳни шӯхиҳои динӣ дар шабакаи интернетро ба киберҷиноят баробар хоҳад кард
Sputnik

ДУШАНБЕ, 6 сен — Sputnik. Дар Арабистони Саудӣ барои таҳия ва нашри шӯхиҳои динӣ дар интернет, муҷозот хоҳанд кард хабар додааст додситонии шоҳигарӣ дар Twitter.

"Таҳия, нашр ва паҳнкунии маводе, ки ба масхараву вайрон кардани тартиботи ҷамъиятӣ, арзишҳои динӣ ва меъёрҳои ахлоқӣ тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ ё дигар василаҳои техникӣ равона шудаанд, ҳамчун киберҷиноят дониста мешавад", — гуфта шудааст дар изҳороти додситонии Арабистони Саудӣ.

Занон дар Арабистони Саудӣ бори аввал сари фармони мошин нишастанд

Манбаъ таъкид кардааст, ки барои содир намудани ин гуна ҷиноят, гунаҳкорон ба 5 сол муҷозот ва дар ҳаҷми се миллион риал ҷарима хоҳанд шуд.

Ёдрас мешавем, ки дар соли 2012 дар Арабистони Саудӣ, Риаф Бадавӣ, муассиси сомонаи "Шабакаи либералии Арабистони Саудӣ", ки руҳониён ва пулиси диниро танқид мекард, боздошт шуд.

Ин фаъоли интернетиро ба таҳқири ислом, киберҷиноят ва барои итоат накардан ба падар муттаҳам карданд.