Сипоси раисиҷумҳур ба Ғуломов ва Ҷӯрахонов: 41 миллиони худро барои мактабу коллеҷ доданд

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон дар ноҳияи Ёвон коллеҷи технологию дорусозӣ ва мактаби рақами 80-ро ба истифода дод, ки аз ҷониби соҳибкорон сохта шудаанд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 6 сен — Sputnik. Раисиҷумҳури Тоҷикистон зимни ифтитоҳи  Коллеҷи технологӣ ва дорусозии ноҳияи Ёвон, изҳор дошт, ки ин муассиса ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ бо харҷи 24 миллион сомонӣ аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ — директори корхонаи "Ғаюр-семент" Ғуломов Акбар бунёд гардидааст.

"Муассиса дорои як бинои таълимии панҷошёнаи иборат аз 60 синфхонаи таълимии бо ашёву таҷҳизоти зарурии хониш муҷаҳҳаз мебошад ва барои 1440 нафар донишҷӯ пешбинӣ шудааст", — иттилоъ дод дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон.

Субҳи раисиҷумҳур аз корхонакушоӣ дар Ёвон оғоз ёфт

Инчунин Эмомалӣ Раҳмон мактаби миёнаи рақами 80-и ноҳияи Ёвонро ба истифода додааст, ки бо маблағи 17 миллион сомонӣ аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Баҳриддин Ҷурахонов, роҳбари корхонаи "Моҳир семент" бунёд гардидааст.

Бинои муассиса аз се ошёна иборат буда, дар он 30 синфхонаи фаннӣ, озмоишгоҳҳои фаннӣ, толори варзишӣ, маҷлисгоҳ, ошхона, хонаи муаллимон ва дигар ҳуҷраҳо ҷойгир шудаст.

Дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон изҳор дошт, ки мактаби мазкур барои 1500 ҷои нишаст пешбинӣ шуда, таълиму тадрис бо ду забон- тоҷикӣ ва русӣ сурат мегирад. Масъулин ба раисиҷумҳури Тоҷикистон гузориш додаанд, ки барои баланд бардоштани савияи дониши хонандагон ва забономӯзии онҳо аз Русия омӯзгорон ҷалб гардидаанд.

Эмомалӣ Раҳмон барои ташаббускории соҳибкорон ва саҳми ватандӯстонаашон дар бунёди иншооти муҳим изҳори сипос кардааст.