Посухи Ожонсӣ ба Кучай: мавҷудияти "мафия" дар Тоҷикистон имкон надорад

Ожонси назорати маводи нашъаовари назди раисиҷумҳури Тоҷикистон, изҳороти Абдулқаюми Кӯчай, сафири Афғонистон дар Русияро дар бораи мавҷудияти мафияи нашъаҷаллоб ва интиқоли маводи мухаддир тариқи Тоҷикистонро рад кардааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 6 сен — Sputnik. Ожонси назорати маводи нашъаовари назди раисиҷумҳур изҳор доштааст, ки низоми давлатдории Тоҷикистон барои фаъолияти мафия имкон намедиҳад ва қисми хеле кам, — 10 фоизи маводи мухаддир аз Афғонистон тариқи шимол интиқол меёбад.

Ожонсӣ аз ду нуктаи изҳороти Кучай, ки гуфт, мафияи байналмилалӣ дар кишварҳои гуногун, аз ҷумла Тоҷикистон ҳам вуҷуд дораду  маводи мухаддир аз Афғонистон тариқи Тоҷикистон ба кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ ва баъдан ба Русияю Аврупо интиқол меёбад, изҳори норозигӣ кардааст.

Масъулини Ожонсӣ изҳор медоранд, ки Тоҷикистон дар хати қочоқи маводи нашъаовар садди устувор гузоштааст.

Кучай дар бораи фоидаи мафия аз нашъа ва нархи арзони "Барқи тоҷик"

"Ҳамасола аз 4 то 7 тонна маводи мухаддири дар Афғонистон истеҳсолшуда аз ҷониби мақомоти ваколатдори Тоҷикистон мусодира карда мешавад, ки ин нисбат ба дигар давлатҳои дар масири Шимол қарор дошта якчанд маротиба зиёдтар мебошад", — таъкид шудааст дар иттилоия.

Ин ниҳод ҳамчунин таъкид кардааст, ки ягон шаҳрванди Тоҷикистон дар ду соли охир бо ҷурми интиқоли маводи нашъаовар дар ҳудуди Афғонистон дастгир нагардидааст.

"Баръакс дар ин давра афзоиши дастгиршавии шаҳрвандони Афғонистон дар ҳудуди Тоҷикистон ва ба миқдори зиёд аз онҳо мусодира гардидани маводи нашъаовар бақайд гирифта шудааст", — посух додаст Ожонсӣ ба Кучай.

Ниҳоди мубориза бо маводи мухаддири Тоҷикистон таъкид намудааст, ки танҳо дар якуним соли охир фаъолияти зиёда аз 16 гуруҳи ҷиноятпешаи нашъаҷаллоб ошкор ва қатъ гардонида шудааст.

Суҳбати Шерхон Салимзода: эълони номи саркардаҳои нашъаҷаллобон ва амалиёти бонкии онҳо

"Дар ду соли охир аз тариқи нақлиёти ҳавоӣ ва роҳи оҳани Тоҷикистон ягон ҳолати интиқоли ғайриқонунии маводи нашъаовар дар хориҷи кишвар ошкор ва бақайд гирифта нашуданд ва дар ин замина дастгиршавии шаҳрвандони Тоҷикистон дар хориҷи кишвар, аз ҷумла дар давлатҳои ҳамсоя ва Русия 36 фоиз кам гардидааст", — омадааст дар изҳороти Ожонси назорати маводи нашъаовари Тоҷикистон.

Ба иттилои манбаъ талошҳои Тоҷикистон боис шудааст, ки феълан тариқи масири Шимол қисми ками маводи нашъадори ғайриқонунӣ дар Афғонистон истеҳсолшаванда интиқол меёбад.

"Бо иқрори худи мақомоти ваколатдори Афғонистон ва коршиносони созмонҳои байналмилалӣ, ҳамчунин таҳлилҳои мо нишон медиҳанд, ки танҳо 10 фоизи маводи нашъаовари истеҳсоли Афғонистон тариқи масири Шимол интиқол меёбаду халос. Қисми боқимонда, яъне 90 фоиз маводи мухаддири афғонӣ тавассути дигар масирҳо интиқол меёбанд", — омадааст дар иттилоия.

Ожонсӣ таъкид намудааст, ки низоми давлатдорӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон устувор ва самаранок фаъолият доранд, ки ба мавҷудият ва фаъолияти ягон мафия дар кишвар имкон намедиҳанд.