Трамп номзад ба мақоми сафир дар Тоҷикистонро пешниҳод кард

Доналд Трамп, раисиҷумҳури ИМА, номзадии Ҷон Марк Поммершим аз Флоридаро ба мақоми сафри ИМА дар Тоҷикистон пешниҳод кардааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 5 сен — Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуоти Кохи сафед, Ҷон Марк аз соли 1990 дар хадамоти дипломатии ИМА қарор дорад.

Ӯ дар гузашта дар намояндагии ИМА дар Қазоқистон, Русия, Чин ва Ҷопон кор кардааст.

Ба иттилои Кохи сафед, Ҷон Марк, хатмкардаи Донишгоҳи Бакнел буда, забони русиро дар донишкадаи давлатии забони русии Пушкин омӯхтааст.

Кохи сафед номзади пешниҳодкардаи Трамп ба мақоми сафирӣ дар Тоҷикистонро соҳиби 10 ҷоиза муаррифӣ карда, изҳор доштааст, ки Ҷон Марк донандаи забонҳои русӣ, олмонӣ, ҷопонӣ ва чинӣ мебошад.