ДУШАНБЕ, 3 сен — Sputnik. Мақомоти умури дохилии вилояти Челябинск субҳи 3 сентябр аз омода шудани санади шаҳрвандӣ барои Руқия Саидалиева, духтарчаи бемори муҳоҷирони тоҷик хабар доданд. Тақдири Руқияи баъди дахолати Ирина Буторина, ваколатдори ҳуқуқи кӯдаки вилояти Челябинск дар маркази таваҷҷуҳ қарор гирифт.
Аммо ризокорон ва бунёдҳои хайрияе, ки ба Руқия кӯмак мекарданд, изҳор доштанд, ки аллакай дер шуд.
"Руқия 18 август, як рӯз пеш аз зодрӯзаш даргузашт. Ӯ ҳанӯз яксола нашуда буд", — иттилоъ додааст созмони хайриявии "Искорка" ба расонаҳои маҳаллии Челябинск
Руқияи хурдсол дар оилаи муҳоҷирон аз Тоҷикистон таваллуд шуда, ҳанӯз ба синни яксолагӣ нарасида буд, ки духтурон дар баданаш бемории лейкози шадидро пайдо намудаанд. Расонаҳои маҳаллии Челябинск менависанд, азбаски волидон шаҳрвандии Русияро надоштаанд, ба далели имконоти маҳдуди молӣ натавонистанд, кӯдакро бо табобат таъмин намоянд.
Моҳи июн вазъи Руқия якбора бад шуду дар шуъбаи эҳёгарии беморхонаи кӯдаконаи Магнитогорск бистарӣ гардид.
Расонаҳои маҳаллӣ менависанд, табобати Руқия дар Магнитогорск дар сатҳи зарурӣ набуд, чун беморхона шуъбаи саратон надорад ва мубталоёни ин беморӣ бояд табобати махсус дар Челябинск гиранд.
Ҷамшед Саидалиев, амаки Руқия, ки шаҳрвандии Русияро дошт, барои камхарҷ кардани табобати духтарча хост, ӯро ба васояти худ гирад, аммо ба сари хонавода фоҷиаи дигар омад. Ҷамшед Саидалиев, ки худаш падари серфарзанд буду намунаҳои мағзи Руқияро барои ташхис мебурд, 17 июл дар роҳи Челябинск — Магнитогорск ба садама дучор шуда, ҷон дод.
Додгоҳи ноҳияи Правобережн моҳи июли соли равон ҳуқуқи волидони Руқияро маҳдуд карда буд, то духтари бемор шаҳрвандии Русияро гираду аз табобати зарурӣ бархӯрдор шавад, аммо муроде ҳосил нашуд.