Шахсияти муҳоҷири тоҷике, ки хотираашро гум кард, муайян шуд

Намояндагии мақомоти муҳоҷирати Тоҷикистон дар Русия мегӯяд, шахсияти муҳоҷири тоҷике, ки хотираашро гум кардааст, муайян карда шуд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 2 сен — Sputnik. Иброҳим Аҳмадов, сухангӯи намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Русия мегӯяд, бо кӯмаки корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ муайян шуд, ки ин нафар Орзу Турахонов мебошад.

"Ташаккур ба Ғайрат аз Хуҷанд, ки тайи ин муддат Орзуро нигоҳубин кард ва Нуралӣ, ки дар муайян кардани шахсияташ кӯмак намуд", — изҳор дошт Аҳмадов дар сафҳаи фейсбукияш.

Ӯ афзуд, ки Орзу Турахонов шаби гузашта бо ҳавопаймои хатсайри Маскав — Кӯлоб ба зодгоҳаш фиристода шуд. Маблағи чиптаи бозгашти Орзу ба зодгоҳаш — шаҳри Кӯлобро муҳоҷирони тоҷик ҷамъоварӣ кардаанд.

"Аз наздиконаш то ҳол танҳо модарашро мешиносад. Аммо табибон гуфтанд, ки эҳтимол бо мурури замон хотирааш барқарор шавад. Барои ӯ шифои комил хоҳонем", — изҳор дошт Аҳмадов.

Иброҳим Аҳмадов қаблан бо нашри аксҳои ин муҳоҷири тоҷик аз ҳамватанон хост, дар шиносоии ӯ кӯмак намоянд, чун ӯ хотираашро гум кардаасту танҳо номашро, ки Орзу мебошад, дар ёд дорад.