Дарси сулҳи раисҷумҳур бо пизишкони оянда дар Донишгоҳи тиббӣ

Имрӯз, 1 сентябр Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Синои пойтахт парда аз руйи муҷассамаи Абӯалӣ ибни Сино бардошта, дар таҷлили “Рӯзи дониш”, дарси сулҳ ва оғози соли нави таҳсил дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ширкат кард
Sputnik

ДУШАНБЕ, 1 сен — Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар таҷлили "Рӯзи дониш", дарси сулҳ ва оғози соли нави таҳсил дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино ширкат кард. Дар ин бора дафтари матбуотии раисҷумҳури Тоҷикистон гузориш медиҳад.

Бино бар иттилои манбаъ, раисҷумҳур дар донишгоҳ назди устодону донишҷӯён ва намояндагони соҳаи маориф ва тандурустӣ суханронӣ карда аз бурду бохти соҳаи тиб дар даворони соҳибистиқлолӣ гуфт.

Раиси Суғд ба аёдати пизишки хизматнишондодаи Тоҷикистон рафтааст

Донишкадаи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино соли 1939 ба фаъолият оғоз карда, соли 1992 баъди соҳибистиқлол гардидан, бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба донишгоҳ табдил дода шудааст.

Донишгоҳ 79 сол боз барои муассисаҳои тандурустии мамлакат мутахассис тайёр карда, пойгоҳи асосии таълимӣ, илмӣ-методии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ ба ҳисоб меравад.

Дар донишгоҳ 3 академик, 4 нафар узви вобастаи Академияи илмҳо ва илмҳои тиб, 83 нафар доктори илм, профессор, 229 нафар номзади илм, дотсентон ва 325 муаллими калон ва ассистентон фаъолият мекунанд. Донишгоҳ дар давраи фаъолияташ зиёда аз 42 ҳазор нафар табиб тайёр кардааст, аз ҷумла 1500 нафарашон шаҳрвандони хориҷӣ аз 36 давлати дунё мебошанд.

Муовини мудири Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон ба ҳабси 8 сол маҳкум шуд

Дар донишгоҳ тибқи ихтисосҳои ҷойдошта 5 факултет — тиббӣ, педиатрӣ, стоматологӣ, нигоҳдории тандурустии ҷамъиятӣ, фармасевтӣ мавҷуд аст. Аз рўйи 39 ихтисоси таҳсилоти баъдидипломӣ — таҳсил дар зинаи ихтисосгирии аввалия, магистратура, аспирантура, докторантура ва таҳсилоти иловагӣ ба роҳ монда шудааст.

Дар сохтори донишгоҳ ҳамчунин 10 шуъба, 11 марказ, 11 шуро ва 27 озмоишгоҳ бомуваффақият фаъолият карда истодааст. Дар сохтори донишгоҳ дар 10 соли охир 11 марказ, 5 шуъбаи алоҳида ва 1 озмоишгоҳ таъсис дода шудааст, ки самаранок гардидани раванди таҳсилот ва фаъолияти донишгоҳро таъмин менамоянд.