Нишасти изтирории Boeing дар Сочи: 18 нафар маҷрӯҳ ва 1 тан ҳалок шуд

Бо далели нишасти изтирории ҳавопаймои "Боинг 738", хатсайри ют 579 "Внуково-Сочи" парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 1 сен — Sputnik. Ҳавопаймои Boeing 737-800, парвози Маскав-Сочи, ҳангоми фурудоӣ аз  ҳудуди хутути парвоз берун баромада, ба маҷрои дарё афтидаст. Дар натиҷа поя ва қаноти ҳавопаймо шикаста, муҳаррики чапи он оташ гирифтааст. Дар ин бора дафтари матбуотии ширкати ҳавопаймои Utair хабар медиҳад.

Бино бар иттилои манбаъ, дар ҳавопаймо 164 мусофир ва 6 сарнишин буданд. Айни замон маълум аст, ки дар пайи садама 18 тан ҷароҳат бардоштаанд, ки аз он се нафарашон кӯдак мебошанд. 

Дар рафти чораҳои оперативӣ  як корманди фурудгоҳи байналмилалии Сочи ба ҳалокат расидааст. Тибқи маълумоти пешакӣ, мард аз сактаи дил даргузаштааст.

Муфаттишон тибқи моддаи "Хизматрасонӣ дар шароити ба талаботи бехатарӣ ҷавобгӯ набуда"  парвандаи ҷиноӣ боз карданд.

Бино бар иттилои тафтишот, ҳавопаймо аз хутути нишаст берун баромада, ба садама дучор шудаст. Ҳарду қаноти ҳавопаймо оташ гирифтааст, ки дар натиҷа чанд нафар, аз ҷумла кӯдакон ҷароҳат бардоштаанд.