Президент ба 14 шаҳрванди 100-сола медал ва 115-долларӣ дод

Бахшида ба 115-солагии Истиқлолияти Узакистон рисҷумҳури кишвар Шавкат Мирзиёев ба 14 шаҳрванди 100- сола медали "Шӯҳрат" дод
Sputnik

ДУШАНБЕ, 31 авг — Sputnik.  Раисҷумҳури Узбакистон Шавкат Мирзиёев дар арафаи 27-солагии Истиқлолияти Узбакистон 14 шаҳрванди 100-солаи Узбакистонро бо медали "Шӯҳрат" сарфароз кард.

Узбакистон истиқлолияташро 1 сентябр таҷлил мекунад.

"Раисҷумҳури Узбакистон бо имзои фармоне бахшида ба 27-солагии Истиқлолияти кишвар 14 шаҳрванди 100-соларо бо медиали "Шӯҳрат" сарфароз кард", — гуфта мешавад дар иттилои манбаъ.

Бино бар фармони раисҷумҳур медалҳо ба 3 мард ва 11 зани аз 100-сола боло тақдим гардиданд, ки дар минтақаҳои гуногуни Узбакистон ба сар мебаранд. Ҳамчунин ба онҳо 115-долларӣ ҳадя гардид.

"Ҷоиза ба шаҳврандоне дода шуд, ки бо меҳнати софдилона дар рушти иқтисод, илм ва фарҳанг, тарбияи насли наврас дар рӯҳияи истиқлолият ва рушди иҷтимоии кишвар саҳм гузоштаанд", — гуфта мешавад дар иттилои манбаъ.

Дар Узбакистон бештар аз 8 ҳазор шаҳванди аз 100-сола боло ба сар мебаранд.