Бонки миллӣ: "Золотая корона", "ЮНИСТРИМ" ва CONTACT иҷозатномаи фаъолият гирифтанд

Бонки миллӣ ба се оператори интиқоли пулии Русия "Золотая корона", "ЮНИСТРИМ" ва CONTACT, иҷозатномаи фаъолият додааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 31 авг — Sputnik. Бино ба иттилои Бонки миллиӣ Тоҷикистон, ба операторҳои низоми пардохтии "Золотая корона", "ЮНИСТРИМ" ва CONTACT, ба муҳлати се солиҷозатнома дода шуд.

Манбаъ таъкид кардааст, ки тасмими додани иҷозатнома ба ин се шабакаи интиқоли пул аз ҷониби раёсати Бонки милли гирифта шудааст. Се низоми интиқоли пулӣ, ки ба тозагӣ дар Тоҷикистон иҷозатномаи фаъолият дарёфт карданд, ба бонкҳои Русия тааллуқ доранд.

Бонки Миллӣ: кори "Агроинвестбонк" баду аз "Тоҷиксодиротбонк" беҳтар

Ёдрас мешавем, ки 18-уми апрели соли равон Бонки миллӣ ба операторҳои интиқоли пул барои ба даст овардани иҷозатнома чанд шарт гузошта буд. Бонки миллӣ таъкид карда буд, ки дар сурати иҷро накардани ин шартҳо фаъолияти онҳо дар Тоҷикистон қатъ карда мешавад.

Яке аз шартҳо ин буд, ки операторҳои интиқоли пул дар суратҳисоби бонкҳои Тоҷикистон маблағи на камтар аз гардиши якрӯзаи пулҳои интиқолиро амонат гузоранд.

Пештар Бонки миллӣ гуфта буданд, ки ин иқдом ба хотири ҳифзи манфиати бонкҳои Тоҷикистон рӯи даст гирифта шудааст. Чунки ҳангоми касод шудан ду шабакаи интиқоли пул "Мигом" ва "Лидер" қарзашонро аз бонкҳои Тоҷикистон то ҳанӯз пардохт нашудааст.

Ёдрас мешавем, ки низоми пардохтии CONTACT дар Тоҷикистон хизматрасонии интиқоли маблағҳоро тавассути 19 ташкилотҳои қарзии Тоҷикистон пешниҳод менамояд.

Барканории раиси 2 бонк баъди ошкори камбудиҳо ва муомилот бо ҷинояткорон

Феълан Низоми пардохтии байналмилалии интиқоли маблағҳои "ЮНИСТРИМ" дар қаламрави Тоҷикистон хизматрасонии интиқоли маблағҳоро тавассути 13 ташкилотҳои қарзии кишвар пешниҳод менамояд.

Дар қаламрави Тоҷикистон ташкилоти қарзии ғайрибонкии ҳисоббаробакунии "Платежный Центр" хизматрасонии интиқоли маблағҳоро дар асоси шартнома бо 25 ташкилоти қарзии кишвар пешниҳод намуда, дар бозори хизматрасонии интиқоли маблағҳо мавқеи аввалро ишғол менамояд.