Эмомалӣ Раҳмон ба 19 нафар рутбаҳои генералӣ дод

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ба муносибати 27-умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ ба 19 нафар рутбаҳои генералӣ дод
Sputnik

ДУШАНБЕ, 30 авг — Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуоти Вазорати умури дохилӣ, бо фармони Эмомалӣ Раҳмон муовини якуми вазири корҳои дохилӣ — Аламшозода Абдураҳмон Аламшо бо рутбаи генерал-лейтенанти милитсия сарфароз гардонда шуд.

Азизулозода Сафиало Азизуло, сардори РВУД дар минтақа ва ноҳияи Рашт бо рутбаи генерал-майори милитсия, Ҳукуматулло Зикрулло, сардори Раёсати ҳифзи тартиботи ҷамъиятии ВУД бо рутбаи генерал-майори милитсия, сардори Раёсати бозрасии давлатии автомобилии ВУД Насимзода Акбар Ғиёс бо рутбаи генерал-майори милитсия, Муродзода Шерхон Лайло, сардори Муассисаи нақлиётии Вазорати корҳои дохилӣ бо рутбаи генерал-майори милитсия сарфароз гардонида шуданд.

Дар маҷмуъ ба иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон 19 нафар бо рутбаҳои ҳарбии навбатӣ, дараҷавӣ ва махсус, аз қабили генерал —  полковники хизмати дохилӣ, генерал — майори гвардия, мушовири давлатии адлияи дарачаи 2, генерал — лейтенанти адлия, генерал — лейтенанти милитсия, 2 нафар генерал — лейтенант, 4 нафар бо рутбаи генерал — майори милитсия, генерал — майори хизмати назорати маводи нашъаовар, генерал —  майори адлия, мушовири давлатии адлияи дараҷаи 3, генерал — майори адлия ва 3 нафар бо рутбаи навбатии генерал — майор қадрдонӣ шуданд.