Ровиёни "Орел и Решка" Антон Птушкин ва Настя Ивлеева дар минтақаҳои Тоҷикистон саёҳат карданд.
Созандагони барнома пас аз дар телевизион мунташир шудани "Орел и Решка" лаҳзаҳо ва саҳнаҳои аҷиби дар Тоҷикистон дидаашонро ҷамъ оварда, навори дигаре омода кардаанд.
Ҳамин тавр, дар навор дида мешавад, ки Антон ба мошине нишаста мехоҳад бо ҳамсафаронаш шинос шавад, аммо вай номҳои онҳоро талаффуз карда наметавонад. Вай охир қоил мешавад, ки ин кор аз дасташ намеояд.
Настя дар Сафед-Дара "Хаммераш"-ро ба ҷӯйбор меафтонад. Вай барои берун кардани худрав мутахассисеро даъват мекунад. То аз ҷойбор берун кардани мошин, Настя бекор намонда, ба тамошобинон маслиҳат медиҳад, ки дар ин ҳолат бояд чикор кард.
Настяро дар кучоҳои Душанбе ҷавонон самимона пешвоз мегиранд: ӯ аз дохили мошин ба онҳо саломдиҳон меравад. Бархе аз ҷавонон бо Настя акс мегиранд. Яке аз онҳо аз Настя хоҳиш мекунад, ки ровии дӯстдоштаашро бӯса кардан мехоҳад.
Публикация от Орёл и Решка (@orelireshka_official) 29 Авг 2018 в 3:38 PDT
Онҳо дар анҷом зери борон бо мухлисонашон хайрухуш мекунанд.
Ёдрас мешавем, барномаи пурраи "Орел ва Решка"-ро 20 август аз телевизиони "Пятница" намоиш дода буданд. Ровиёни барнома табиати зебо, духтарони сиёҳчашм ва меҳмоннавозии мардуми Тоҷикистонро махсус қайд карданд. Антон аз меҳмондории тоҷикон чунон хурсанд буд, ки ба Ҳукумати кивар пешниҳод, ки Кумитаи сайёҳиро ба Кумитаи меҳмоннавозӣ номгардон кунад.