ДУШАНБЕ, 30 авг — Sputnik. Дар Тоҷикистон аз 1 сентябр кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва мақомоти қудратӣ қисман ба реҷаи пурзӯри адои хизмат гузаронида мешаванд.
Тавре хабаргузории ТоҷикТА иттилоъ медиҳад, пурзӯр шудани тадобири амниятӣ ба таҷлили 27-умин солгарди истиқллияти Тоҷикистон бастагӣ дорад, ки 9-уми сентябр таҷлил мешавад.
"Аз 1 сентябр кормандони сохторҳои қудратӣ ба вазъи ба истилоҳ будубош дар ҷойи корӣ ва омодагӣ мегузаранд", — гуфта мешавад дар иттилои манбаъ.
Пештар мутахассисони умури сайёҳии ИМА ва Аврупо Тоҷикистонро барои сайру сайёҳат кишвари амн номида буданд.
Тавре "The Washington Post" навиштааст, террори Данғара, ки марги 4 шаҳрванди ИМА ва Аврупоро дар пай дошт, назари мутахассисонро дар бораи амнияти сайёҳон дар ин кишвар тағйир надодааст.
"Амрикоиҳо набояд аз сайр дар ин кишвар худдорӣ кунанд", — навиштааст рӯзномаи маъруфи ИМА ва аз қавли мутахассисон таъкид намудааст, шаҳрвандоне, ки қаблан аз Тоҷикистон боздид накардаанд, дар бораи амнияти кишвар тасаввури нодуруст доранд.
Скот Стюарт, ноиби президенти ширкати "Stratfor Скотт Стюарт" дар масоили таҳлили стратегӣ, изҳор доштааст, ки баъди террори Данғара, дар Тоҷикистон таҳдид ба ҳаёти сайёҳон бештар нашудааст.
"Қабл аз ҳамла амнияти террористӣ дар дохили Тоҷикистон миёна баҳогузорӣ шуда буд ва феълан ҳам дар ҳамон сатҳ боқӣ мондааст", —изҳор доштааст Стюарт.
Ёдовар мешавем, ки аз 19 декабри соли 2017 таҳти рақами 968 Фармони раисҷумҳури Тоҷикистон "Дар бораи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон" ба имзо расид, ки тибқи он соли 2021 дар саросари кишвар ин иди умумимиллӣ бояд дар сатҳи баланд ва бо шукуҳу шаҳомати хос таҷлил гардад.