ДУШАНБЕ, 29 авг — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дар арафаи сафари расмиаш ба Узбакистон қарореро ба имзо расонид, ки тибқи он мошинҳои сабукрав ва автобусҳои мусофиркаши кишварҳи ҳамсоя барои убури сарҳади Тоҷикистон аз пардохти хироҷи давлатӣ озод мешаванд.
Коршинос бар онаст, ки ин аввалин қадамҳо барои беҳтар намудани муносибатҳои кишварҳост ва барои ҳамин зиёд шодӣ кардан лозим нест, чунки Тоҷикистону Узбакистон бояд чандин масъалаҳои дигарро ҳал намоянд.
“Навовариҳое, ки мегузарад, мусбӣ мебошанд, аммо таҷрибаҳои пешина нишон медиҳанд, ки хушбиниҳои зиёде бояд интизор надошта бошем, чунки кишварҳои бояд чандин масъалаҳои дигарро ҳал намоянд”, – таъкид кард коршинос дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон.
Ба гуфтаи Загарин, то замоне, ки кишварҳо аломатгузории сарҳади давлатиро пурра ҳал накунанд, ин масъала ба рушди ҳамкории ду кишвар мушкилиҳо ворид мекунад.