Вазорати хориҷа: Тоҷикистону Узбакистон масъалаҳои консулиро баррасӣ намуданд

Дар Душанбе зимни машваратҳои консулии Тоҷикистону Узбакистон мавзӯъҳои ҳамкориҳои дуҷониба баррасӣ шуданд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 29 авг — Sputnik.  Бино ба иттилои Вазорати хориҷаи Тоҷикистон, 29 августи соли равон дар пойтахти Тоҷикистон машваратҳои консулӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Узбакистон баргузор шуд.

Машваратҳои консулӣ мутобиқи Барномаи ҳамкорӣ миёни вазоратҳои корҳои хориҷии ду кишвар баргузор шудааст.

Узбакистон бори аввал аст, ки дар ҷашни Рӯзи истиқлолият сарҳадро бо Тоҷикистон намебандад

“Машваратҳои консулӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Узбакистон таҳти роҳбарии Сардори Сарраёсати консулии Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон Холназаров Баҳром ва Сардори Раёсати консулӣ ва ҳуқуқии Вазорати корҳои хориҷии Узбакистон Кодиров Улфат баргузор гардид”, - таъкид кардааст манбаъ.

Ба гуфтаи манбаъ, зимни машваратҳои консулӣ тарафҳо мавзӯъҳои ҳамкориҳои дуҷониба, ёрии ҳуқуқӣ ва вазъи ҳуқуқии шаҳрвандон ва дигар масъалаҳои ба самти фаъолияти консулӣ дахлдоштаро баррасӣ намуданд.

Инчунин тарафҳо, дар бораи иҷроиши конвенсияҳо ва созишномаҳои байналмилалии имзогардида мубодилаи афкор намуда, ба сатҳи иҷроиши онҳо қаноатмандӣ зоҳир карданд.