Муроҷиати сокинон: гаронсозии симкортҳо хилофи сиёсати Эмомалӣ Раҳмон аст (ВИДЕО)

Сокинони Тоҷикистон бо нашри чанд изҳорот дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз Ҳукумат ва парлумони кишвар хостаанд, қарори гаронсозии нархи симкортҳо бозбинӣ шавад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 29 авг — Sputnik. Гуруҳи сокинони Тоҷикистон бо нашри изҳорот аз 250 сомонӣ нархгузорӣ шудани симкортҳо изҳори нигаронӣ карда, хостори лағви ин қарор шудаанд.

Муроҷиаткунандагон мегӯянд, барои ба ин ҳад боло бурдани нархи як адад моле, ки барои истеҳсолаш чанд дирам харҷ мешаваду дар аксари давлатҳои дунё ройгон аст, ҳеч асоси иқтисодӣ вуҷуд надорад.

Ин ташаббус, ки боиси сарсонию саргардонии мардуми оддии Тоҷикистон шудааст, аз ҷониби гуруҳи шаҳрвандон хилофи сиёсати раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон арзёбӣ шудааст.

Шаҳрвандон аз Эмомалӣ Раҳмон хостаанд, алайҳи қарори мазкур, ки бар асоси суратҷаласаи муштараки мақомоти умури дохилӣ, амнияти миллӣ, алоқа ва ширкатҳои мобилӣ роҳандозӣ шудааст, иқдом намояд.

Ин дар ҳолест, ки Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон бо тасвиби 250 сомонӣ нархгузорӣ шудани як симкорт изҳор доштааст, ки ин қарор бештар ҷанбаи амниятӣ дорад ва бо пешниҳоди ширкатҳои мобилӣ амалӣ шудааст.

Бар асоси қарори мақомот аз 1 сентябр нархи як симкорт 250 сомониро ташкил дода, аз он 35 сомонӣ ба суратҳисоби муштарӣ гузаронда мешавад.