ВУД: 170 сомонӣ - ҳаққи фоҳишахона барои меҳмонон дар Душанбе

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз боздошти як зани 47-сола хабар дод, ки дар ташкили фоҳишахона муттаҳам мешавад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 29 авг — Sputnik. ВУД мегӯяд, боздоштшуда, сокини ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе буда, хонаи истиқоматиаш, воқеъ дар кӯчаи Мастонгулови пойтахтро ба фоҳишахона табдил додааст.

Манбаъ афзуд, ки зани муттаҳам 25 августи соли 2018, тахминан соати 16:00 барои ҷуфте, ки аз навоҳӣ ба пойтахт омадаанд, шароит барои алоқаи ҷинсӣ фароҳам кардааст.

"Гумонбар барои марди 30-сола аз ноҳияи Темурмалик ва зани 22-сола, сокини ноҳияи Фархор барои алоқаи ҷинсӣ шароит муҳайё намуда, аз онҳо 170-сомонӣ муқофотпулӣ гирифтааст", — иттилоъ додааст ВУД.

Манбаъ таъкид намуд, ки феълан аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.