Дар гӯр ҳам худнамоӣ мекунанд?: чаро Тоҷикистон гӯр ва санги қабрро ҳам танзим кард?

Ҳукумати Тоҷикистон бар он аст, ки маҳдудият дар бузургии санги мазор ва васеъгии қабр метавонад дар мубориза бар худнамоӣ кумак кунад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 28 авг — Sputnik. Бино бар қарори Ҳукумати Тоҷикистон, мақомоти кишвар андозаи қабр ва санги мазорро муайян намудааст, иттилоъ додааст рӯзномаи "Ҷумҳурият".

Тибқи қарори Ҳукумати Тоҷикистон "Тартиби нигоҳдорӣ ва истифодабарии қабристонҳо" аз 25 январи соли 2018 андозаи санги мазори уфуқӣ бояд на бештар аз 1,5 метр дарозӣ, 1 метр паҳноӣ ва 0,5 метр баландӣ дошта бошад. Андозаи санги мазори амудӣ бояд на бештар аз 1 метр баландӣ, 0,5 метр паҳноӣ ва 10 сантиметр ғафсӣ бошад.

Сабти 5,6 ҳазор ҳолати нақзи қонуни танзим дар шаш моҳ

Барои ҳар як қабр ба андозаи миёнаи 2 метр дарозӣ ва 1,5 метр паҳноӣ қитъаи замин ҷудо карда мешавад.

Дар асоси қарори мазкур, нигоҳдорӣ ва истифодаи қабристонҳо дар ҳудуди кишвар мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, қоидаҳо оид ба нигаҳдории қабристонҳо, анъана, расму оин ва маросимҳои мардумии миллату халқиятҳои муқими мамлакат ба амал бароварда мешаванд.

Инчунин дар қарор қайд шудааст, ки дар ҳудуди қабристон вайрон намудани қоидаҳои тартиботи ҷамъиятӣ, шикастан ва нобуд сохтани санги мазор ва ниҳолу дарахтҳо, сӯхтани рустаниҳои хушк ва дигар мавод, чарондани чорво манъ мебошад.

Ғайр аз ин, минбаъд санги мазор дар мувофиқа бо мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот гузошта мешавад.

Муъмин Қаноат дар оромгоҳи Лучоб дар паҳлуи Бозор Собир дафн шуд

Манбаъ қайд намудааст, ки "Тартиби нигаҳдорӣ ва истифодабарии қабристонҳо", сабқатҳоро дар ин макон аз миён бурда, пеши роҳи исрофро мегирад.

"Табиист, ки бо нигоҳдорию ҳифзи расму оин, анъанаҳои миллию динӣ пеши роҳи зиёдаравиҳо гирифта мешавад ва дигар қабристонҳо ба шаҳрак табдил намеёбанд",- афзуд манбаъ.

Ёдрас мешавем, ки пештар  Ҳукумати шаҳри Душанбе қабри чанд ашхоси номии тоҷикро, дар боғи Садриддин Айни ба хок супорида буданд, ба дигар ҷой интиқол доданд.

Қабрҳои Ҷаббор Расулов, Бобоҷон Ғафуров, академик Муҳаммад Осимӣ, донишманд Камол Айнӣ ва Муқаддим Ашрафӣ ва шоир Боқи Раҳимзода ба қабристони Лучоб кучонида шуданд.