ДУШАНБЕ, 28 авг — Sputnik. Абдуҳалим Қодирзода — соҳибкори тоҷик дар пойтахт мактаб бунёд мекунад.
Тавре дафтари матбуоти раиси шаҳри Душанбе иттилоъ медиҳад, Рустам Эмомалӣ, ба сохтмони ин мактаб дар ноҳияи Шоҳмансур оғози расмӣ бахшидааст.
Бинои нави мактаб аз 39 синфхона, аз ҷумла синфхонаҳои махсус барои фанҳои дақиқ, синфхонаҳои компютерӣ, таълими меҳнат ва ҳунарҳои мардумӣ, инчунин толори барҳавои варзишӣ, маҷлисгоҳ барои 420 ҷойи нишаст, китобхона, ошхона бо 220 ҷойи нишаст ва иншооти дигари ёрирасон иборат буда, барои 860 хонанда пешбинӣ шудааст.
Иншооти мазкур дар масоҳати беш аз 6 ҳазор метри мураббаъ сохта мешавад.
"Бинои мактаби нави №65 аз ҷониби соҳибкор Абдуҳалим Қодирзода дар доираи омодагиҳо ба таҷлили 30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар мӯҳлати як сол сохта мешавад", — гуфта мешавад дар иттилои манбаъ.
Раиси шаҳр таъкид намудааст, ки бинои нави муассисаи таълимӣ бояд то арафаи соли хониши 2019-2020 сохта шавад, то хонандагони ин даргоҳи илму маърифат таҳсили худро дар шароити муосиру замонавӣ идома диҳанд.
Ҳамчунин роҳбарони сохторҳои марбутаи шаҳр муваззаф карда шуданд, ки сифати корҳо ва масолеҳи сохтмонии истифодашавандаро ба таври ҷиддӣ таҳти назорат қарор диҳанд.