Норозигии раиси Суғд аз сохтмони пояи парчам дар шаҳри Бӯстон

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода аз рафти корҳои сохтмонии пояи парчам дар шаҳри Бӯстон ошно шуда аз суръати сохтмони он норозигӣ баён кард
Sputnik

ДУШАНБЕ, 27 авг — Sputnik. Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни сафари корӣ ба шаҳри Бӯстон, ки рӯзи 22 август сурат гирифт, бо ҷараёни корҳои ободониву созандагӣ ошно шуд, иттилоъ додааст дафтари матбуоти ҳукумати вилояти Суғд.

Аз ҷумла Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд аз рафти бунёди майдони Парчами давлатии Тоҷикистон ошно шуда аз сустии корҳои сохтмонӣ изҳори нигаронӣ намуд.

Ба гуфтаи манбаъ, раиси вилоят барои беҳтар намудани фаъолият, ташкили ситоди корӣ ва зиёд намудани шумораи коргарон супоришҳои мушаххас дода.

Майдони Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар масоҳати 2 гектар ва бо маблағгузории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят бунёд мегардад. Сутунпояи Парчами давлатӣ 50 метр баландӣ дошта, гирду атроф ва саҳни майдон ороиш дода мешавад.

Манбаъ таъкид намудааст, ки бахшида ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон беш аз 150 иншооти гуногун сохта мешавад.