Ҷавонони узви кишварҳои ИДМ ва СҲШ ба Суғд мераванд

Иштирокчиёни Фестивали байналмилалии ҷавонону донишҷӯёни узви кишварҳои ҳамсуд ва СҲШ ба Суғд омада дар конфронси илмӣ-назариявии байналмилалӣ ширкат хоҳанд кард
Sputnik

ДУШАНБЕ, 27 авг — Sputnik. Рӯзҳои 29 — 31 август иштироккунандагони Фестивали байналмилалии ҷавонону донишҷӯёни узви кишварҳои ҳамсуд ва Созмони ҳамкории Шанхай ба Суғд омада дар конфронси илмӣ-назариявии байналмилалӣ таҳти унвони "Тоҷикистон ва Роҳи Абрешим: таърих ва замони муосир" иштирок хоҳанд кард.

Дар ин бора дафтари матбуоти мақомоти вилояти Суғд хабар додааст.

Тибқи барномаи 30 август бо иштироки ҷавонону донишҷӯёни узви кишварҳои ҳамсуд ва Созмони ҳамкории Шанхай конфронси илмӣ-назариявии байналмилалӣ дар мавзӯи "Тоҷикистон ва Роҳи Абрешим: таърих ва замони муосир" баргузор мешавад.

Қарор аст, пас аз конфронс ҷаонон аз Маҷмааи фарҳангиву меъмории "Қалъаи Муғ", Муассисаи давлатии "Боғи миллии Ваҳдат", Осоишгоҳи "Баҳористон", Қасри Арбоб, Маҷмааи фарҳангию таърихии "Истиқлол", Маҷмааи фарҳангию таърихии "Қалъаи Хуҷанд", Маҷмааи "Оши палов" ва дигар мавзеъҳои таърихиву фарҳангӣ боздид намоянд.

Инчунин ҷавонон дар Фестивали байналмилалии "Овози дӯстӣ" иштирок хоҳанд кард.