ДУШАНБЕ, 27 авг — Sputnik. Тибқи иттилои ВУД, ба идораи милиса дар ноҳияи Рӯдакӣ, зани 32-сола, муваққатан истиқоматкунандаи деҳаи Зафари ҳамин ноҳия муроҷиат карда, арз доштааст, ки ҳадафи ҳамла бо корд қарор гирифтааст.
Муроҷиаткунанда изҳор доштааст, ки 24-уми августи соли 2018, тахминан соати 19:30, дар деҳаи Зафар аз ҷониби зани 32-сола, сокини маҳаллӣ мавриди латукӯб қарор гирифтааст. Ӯ афзудааст, ки ҳамлагар бо корд ба рони пойи чапаш зада, маҷруҳ кардааст.
ВУД мегӯяд, феълан аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.