Даргузашти сенатор Ҷон Маккейн аз бемории саратон

Ҷон Маккейн, сенатор аз аёлати Аризонаи ИМА дар пайи як соли мубориза бо саратони мағзи сар шоми 25 август даргузашт
Sputnik

ДУШАНБЕ, 26 авг — Sputnik. Наздикони марҳум рӯзи ҷумъаи гузашта иттилоъ дода буданд, ки ӯ аз идомаи табобат даст кашид.

"Дар лаҳзаи охирин ҳамсари сенатор-Синдӣ ва хонавода ҳамроҳаш буданд. То лаҳзаи даргузашт Ҷон Маккейн расо 60 сол дар хидмати ИМА қарор дошт", — омадааст дар иттилоияи дафтари сенатор.

Маккейн 81 сол дошта, ду бор номзад ба раёсати ИМА буд.