Зинда бод дӯстии халқҳо: завқи корбарон аз рақси зани узбак ба суруди тоҷикии Юлдуз -НАВОР

Зан дар назди худрави худ зери ҳавои суруди тоҷикии Юлдуз Усмонова - "Танҳо манам, танҳо манам" рақс карда, дар анҷом "Раҳмат" гӯён ба мошинаш менишинад. Корбарон ин зани узбакистониро офарин хонда, раққосаи касбӣ номидаанд
Sputnik

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворе паҳн шудааст, ки дар он як зани узбакистонӣ ба суруди "Танҳо манам, танҳо  манам"-и сарояндаи машҳур Юлдуз Усмонова ба шавқ рақс мекунад.

Шеъри тарона ба шоири тоҷик Лоиқ Шералӣ таалуқ дорад. Дар гурӯҳи Лоиқ Шералии Фейсбук корбарон ин наворро мунташир карда, ба завқ баррасӣ мекунанд.

Бештари онҳо ба зани узбак офарин хонда, гуфтаанд, ки "зинда бод дӯстии халқҳо".

Дар навор дида мешавад, ки зан аз дар назди худрави худ чанд лаҳза зери ҳавои суруди Усмонова рақс мекунад. Дар охир вай ба дурбин нигоҳ карда, зоҳиран ба наворгиранда ба забони узбакӣ "ташаккур" гӯён, ба худраваш менишинад.