Додситонии ҳарбӣ далели даст ба ҷони худ задани аскари КДАМ-ро месанҷад

Азиз Набиев ҳангоми рухсатӣ дар манзили волидонаш дар Вахш худкушӣ кард. Сабаби даст ба ҷони худ задани ин марзбони КДАМ барои ҳама муаммо гаштааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 24 авг — Sputnik. Додситонии ҳарбии Тоҷикистон сабаби худкушии марзбони тоҷик — Азиз Набиеви 22-соларо муайян мекунад.

Ин ҷавон  дар ноҳияи Вахш ҳангоми дар манзили волидонаш қарор доштан, даст ба ҷони худ задааст.

Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон тасдиқ кардааст, ки комиссияи махсуси додситонии ҳарбӣ, ки аз намояндагони қӯшунҳои марзии КДАМ иборат аст, сабаби худкушии ҷавонро муайян мекунанд.

Маълум аст, ки ҷасади Азиз Набиевро бе нишонаи марги маҷбурӣ субҳи 22 август дар манзили истиқоматиашон пайдо карданд. Ӯ худро ба дор овехтааст.

Гуфта мешавад, Набиев мушкилие надошт ва аз моҳи майи соли 2017 дар дар Қӯшунҳои марзии Ишкошими КДАМ хидмат мекард.

Роҳбарияти қӯшунҳои сарҳадӣ ӯро боре сарзаниш накарда буд ва ҳатто барои хидмати намунавӣ дар арафаи Иди Қурбон ҷавонро ба рухсатӣ гусел карда буданд.

Далели даст ба ҷони худ задани ин ҷавон барои ҳама муаммо мемонад.