ДУШАНБЕ, 23 авг — Sputnik. Рӯзноманигори тоҷик Хайрулло Мирсаидов, ки бо ҳукми додгоҳи шаҳри Хуҷанд ба 12 соли зиндон маҳкум шуда буд, 22 август бо ҳукми додгоҳи вилояти Суғд озод шуд.
Мирсаидов, имрӯз, 23 август дар сӯҳбати тахассусӣ бо Sputnik Тоҷикистон дар бораи вазъи саломатӣ, ҳукми додгоҳ, нақша ва тақдири ояндаи дастаи зарифони КВН Тоҷикистон нақл кард.
Ба гуфтаи рӯзноманигор, ӯ ҳоло дар ҳалқаи хонавода ва наздиконаш қарор дорад. Вазъи саломатиаш хуб аст, "танҳо асабҳояш ба табобат ниёз доранд".
"Аҳволам хуб аст. Ҳоло бо наздиконам нишастаам. Танам сиҳат, аммо асабҳоям хароб шудаанд, ки бояд табобат кунам", — гуфт вай.
Мирсаидов афзуд, ҳукми додгоҳи вилоятӣ барояш ғайричашмдошт набуд, зеро маблағеро, ки додгоҳ чун зарар муайян карда буд, наздиконаш пардохт карда буданд.
"Мо зарарро пардохт карда будем, ҳарчанд зараре нарасида буд. Ман дар додгоҳ тавзеҳ додам, ки пул ба куҷо сарф шудааст, вале далелҳои мо ба назар гирфта нашуданд. Дидам, ки нашуд, маблағро пардохт карда, интизор будам, ки маро озод мекнунанд", — гуфт вай.
Ба гуфтаи Хайрулло Мирсаидов додгоҳи марҳилаи кассатсионӣ бояд 15 август баргузор мешуд, аммо он ба ҳафтае мононда шуд.
Рӯзноманигори тоҷик мегӯяд, аз ҳарду ҳукм, ки нисбаташ додгоҳи шаҳри Хуҷанд ва вилояти Суғд содир кард, розӣ нест ва барои исботи бегуноҳии худ кӯшиш хоҳад кард.
"Прократураи шаҳри Хуҷанд то ба ҳабс гирифтани ман 5 моҳ санҷиш гузаронид. Баъди ҳабс шуданам тафтишот 6 моҳи дигар давом кард. 11 моҳ кофтанду чизе наёфтанд. Ман аз ҳукми додгоҳҳо розӣ нестам ва барои исботи бегуноҳии худ шикоят навишта, то охир меравам", — афзуд вай.
Ба гуфтаи рӯзноманигор, вай дар маҳбас ба радио дастрасӣ дошт ва аз талоши ҷомеаи шаҳрвандӣ барои озодиаш хабар дошт. Ӯ аз ҷомеаи шаҳрвандӣ барои талошҳояшон изҳори миннатдорӣ кард.
Дар анҷом Мирсаидов дар посух ба суоли он ки оё ба КВН Тоҷикистон бармегардад ё не, посухи рад дод.
" Бо моддаи 189 тамоми даста гунаҳкор шуда буд. Бачаҳо чанд маротиба ба бозпурсӣ даъват мешуданд. Ба фикрам онҳо рӯҳафтода шуданд. Агар ман хоҳиши барқарор кардани дастаро дшта бошам ҳам, ба онҳо чӣ мегӯям?", — гуфт вай.
Хайрулло Мирсаидов дар анҷом гуфт, ки ҳоло нақшаи асосиаш табобати асабҳои харобгашта ва оғози фаъолияти рӯзноманигориаш аст.
Ёдрас мешавем, Хайрулло Мирсаидов моҳи декабри соли равон боздошт ва аввалҳои моҳи июл бо ҳукми додгоҳи шаҳри Хуҷанд ба 12 соли зиндон маҳкум шуда буд. Аммо рӯзноманигор ба додгоҳи вилояти Суғд аз ин ҳукм шикоят бурда, маблағи 124 ҳазор сомониро ба фоидаи давлат супурда буд. Ҷониби ҳимояи Мирсаидов гуфта буд, ки пардохти маблағ маъномаи эътирофи айбномаи додгоҳро надорад, аммо "маблағи зиёд нисбат ба арзиши озодӣ қобили муқоиса нест".
Ҳамин тавр, ахиран додгоҳи вилояти Суғд бо таъин кардани 80 ҳазор ҷарима ва корҳои ислоҳӣ Мирсаидовро озод кард.