Хоҳем нахоҳем: шарҳи Хадамоти алоқа дар бораи симкортҳо бо нархи 250 сомонӣ

Абдуқаюм Исоев, масъули Хадамоти алоқаи Тоҷикистон тариқи хабаргузории давлатии "Ховар" иқдоми мақомот барои фурӯши симкортҳо ба ивази 250 сомониро шарҳ дод
Sputnik

ДУШАНБЕ, 22 авг — Sputnik. Абдуқаюм Исоев мегӯяд,  250 сомонӣ нархгузорӣ шудани як симкорт ва хадамоти марбути он, ки аз 1 сентябри соли равон амалӣ мегардад, барои ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва тартиботи ҷамъиятӣ роҳандозӣ шудааст.

Исоев гуфтааст, бинобар сабаби нархи паст дар Тоҷикистон дар қаламрави Ҷумҳурии Афғонистон симкортҳои зиёде аз ширкатҳои мобилии мо  истифода бурда мешаванд.

Иқдоми мақомот: нархи фурӯш ва бақайдгирии симкорт 250 сомонӣ шуд

"Фоҷиаи нисбат ба сайёҳони хориҷӣ, ки чанде пеш дар ҷануби Тоҷикистон ба вуқӯъ пайваст, инро собит кард", —изҳор доштааст ӯ.

Масъули Хадамоти алоқа изҳор доштааст, ки барои амнияти давлату Ҳукумат, пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ, бартараф кардани ҷиноятҳо, боло бардоштани нархи симкорт мувофиқи мақсад аст.

"Хоҳем ё нахоҳем мо барои амнияти давлату миллат бояд, ки тадбирҳои дахлдор андешем. 250 сомонӣ танҳо нархи як симкорт нест —  ин маблағ  ҳам барои харидории худи симкорт ва ҳам  барои бақайдгирӣ ва ғайра  пардохт карда мешавад", — гуфтааст Исоев.

Ба суол, ки 250 сомонӣ ҳадди ниҳоӣ нест ва бар асоси бархе пешниҳодҳо эҳтимол нархи симкортҳо зина ба зина боло раванд, Исоев гуфтааст, ки ин ба нақшаи тиҷоратии ширкатҳои мобилӣ ва Хадамоти зиддиинҳисорӣ вобаста аст.

Пешниҳоди нав: зиндон барои фурӯши ғайриқонунии симкорт

Дар ҳоле, ки ширкатҳои мобилӣ мизоҷонашонро дар мавриди 250 сомонӣ шудани нархи бақайдгирии симкортҳо огоҳ кардаанд, масъули Хадамоти алоқа мегӯяд, 250 сомонӣ  танҳо нархи як симкорт нест.

"Ин нарх барои чанд намуди хизматрасонӣ муайян шудаааст, ки ҷамъ 250 сомониро ташкил медиҳад. Аммо дар ҳоли ҳозир байни мақомоти дахлдор ва ширкатҳои мобилӣ гуфтугӯ ҷараён дорад ва дар сурати дақиқ шудани нарх арзиши он маълум мешавад", — изҳор доштаст ӯ.

Дар мавриди он, ки иқдоми нави Хадамоти алоқа зарбаи ҷиддӣ ба ҷайби сокинон, алалхусус муҳоҷирон аст, Абдуқаюм Исоев гуфтааст, чӣ муҳоҷир ва чӣ шаҳрванди оддӣ дар як сол аз 4 то 10 симкортро истифода карда мепартояд.

"Агар онҳо як симкорт гиранду солҳо истифода кунанд, ҳеҷ зараре ба ҷайби онҳо ворид намешавад. Тибқи талаботи қарори Ҳукумат аз 30 апрели соли 2016, муҳоҷирон метавонанд симкортро дар ширкати мобилӣ ба қайд гирифта, дар сурати ба муҳоҷират рафтан онро муваққатан қатъ намоянд. Пас аз бозгашт боз ҳамон симкортро фаъол карда, истифода кунанд", — шарҳ додааст ӯ.