Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода Узбакистон рӯйхати заҳролудшудагонро интишор кард

Кумитаи ҳолатҳои фавқуллодаи Узбакистон таъкид кардааст, ки 26 шаҳрванди ин кишвар дар вилояти назди Маскави Русия заҳролуд шудаанд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 22 авг — Sputnik. Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода рӯйхати 26 шаҳрванди Узбакистонро, ки дар вилояти назди Маскави Русия заҳролуд шудаанд, интишор намудааст.

Заҳролудшавии оммавии муҳоҷирони тоҷик дар ҷойи кор дар Маскав

Ба гуфтаи манбаъ рӯзи 18 августи соли равон 26 шаҳрванди Узбакистон дар яке аз сохтмонҳои минтақаи Котелникии шаҳри Маскав заҳролуд шуданд. Дар натиҷа 23 нафар дар бемористон бистарӣ шуда, як нафар ҷон додааст.

Дар Беморхонаи №1 Любертси 8 нафар бистарӣ шудааст:
1. Матанов Модат Римбаевич — 35 сола;
2. Козокбоев Ӯсмон Бегамович — 20 сола;
3. Нарбоев Шарафбек Мумикович — 42 сола;
4. Талимов Хусан Шониезович — 29 сола;
5. Мухторов Анжи Юсупович — 30 сола;
6. Муюдов Ӯлуғбек — 48 сола;
7. Зайнетдинов Ҳошиҷон Абдуллаҷон уғли — 19 сола;
8. Эшкуватов Собиржон Шобирджонович — 20 сола;

Дар Беморхонаи №2 Любертси 5 нафар:
1. Холдоров Дониёр Мамарасулович —21 сола;
2. Турсунов Кувонч Зафарович — 19 сола;
3. Камолов Самаридин Толхинович — 20 сола;
4. Худойқулов Анвар Рузмаматович — 40 сола;
5. Қудратов Зариф Набиевич — 33 сола;

Дар Беморхонаи Раменски- 6 нафар
1. Таюмов Эбабек Абдуразоқович — 31 сола;
2. Тағаев Лочин Гулмурадович — 31 сола;
3. Бобоҷонов Артур Раҳимбақович — 31 сола;
4. Абдуллаев Мухтор Собирович — 46 сола;
5. Давлатов Иззатбек Худойберганович — 22 сола;
6. Аҳмедов Мақсадбек Раджабович — 23 сола;

Дар Беморхонаи Жуковский —4 нафар:
1. Чухоев Абдуҳалим Абдураҳмонович-29 сола;
2. Расулов Отабек Нормейгалиевич —21 сола;
3. Ёрмаков Хурсанд Соатбекович — 20 сола;
4. Торшиев Ғайрат Хуррамович — 40 сола.

Дар маҷмуъ 23 нафар муҳоҷири меҳнатӣ аз Узбакистон дар бемористон бистарӣ шудааст. Ду нафари дигар Обидов Суҳроб Зуҳратдинович — 39 сола ва Таримов Акбар Эгамбердиевич — 38 сола аз бистарӣ дар бемористон даст кашидаанд.

Дар Қазоқистон автобусе бо 57 муҳоҷир аз Тоҷикистон осеб дидааст

Инчунин як муҳоҷири дигари узбак Эшметов Одилбек Отаназарович соли таввалудаш 1985 сокини вилояти Хоразми Узбакистон ҷон додааст.

Қаблан хабар дода шуд, ки заҳролудшудагон шаҳрвандони Тоҷикистон мебошанд. Олга Врадий, намояндаи Кумитаи тафтишотии Русия хабар дода буд, ки заҳролудшудагон шаҳрвандони Тоҷикистон буда вобаста ба ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

"Санҷишҳо муайян кардаанд, ки муҳоҷирони тоҷик пеш аз заҳролудшавӣ дар ҷойи корашон дар Маскав ғизо истеъмол карда буданд. Муҳоҷирон баъд аз пайдо шудани нишонаҳои заҳролудшавӣ ба табибон муроҷиат намуданд. Тибқи ташхиси пешакӣ онҳо гирифтори гастроэнтерит шудаанд", —гуфта буд Врадий.