Ҳалокати Сорбони 10-сола дар арафаи иди Қурбон дар Ховалинг

Сорбони Насимҷон ҳангоми гузаштан аз тарафи чап ба тарафи рости роҳ ба садама дучор шуд. Маҳмадулло Шарифов аз ӯҳдаи идораи нақлиёт баромада натавониста, кӯдаки 10-соларо пахш кардааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 22 авг — Sputnik. Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон хабар медиҳад, ки дар рӯзи арафаи иди Қурбон, 20 август дар ноҳияи Ховалинг дар пайи садамаи нақлиётӣ кӯдаки даҳсолае ба ҳалокат расид.

Бино бар иттилои манбаъ, ҳодиса тахминан соатҳои 11:10 дар шоҳроҳи Ховалинг-Восеъ дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Лоҳутӣ рух додааст.

Гуфта мешавад, ронанда Маҳмадулло Шарифов аз ӯҳдаи идораи худрави "Опел астра" баромада натавониста, ноболиғ Сорбони Насимҷони 10-соларо пахш кардааст.

Дар пайи ин садама, мутаассифона Сорбони Насимҷон ҷароҳати вазнин бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат мерасад.

Ба иттилои ВУД аз рӯй ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.