Амалиёти пулис алайҳи гусфандҳои мошинсавор дар Маскав

Маъмурини пулис ҳаракату интиқоли гӯсфандонро дар Маскав таҳти назорат мегиранд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 21 авг — Sputnik. Тибқи иттилои хабаргузории "Москва" нозирони роҳ алайҳи интиқоли гӯсфандон дар мошинҳо санҷиш мегузаронанд ва ба ронандаҳо хотиррасон мекунанд, ки қурбонӣ кардан дар ҳудуди шаҳр мумкин нест.

Иди Қурбон муборак: табрикоти идонаи Путин ва ситоиши ӯ аз Ислом

Рушан Аббосов, ноиби роҳбари Шӯрои муфтиёти Русия, гуфтааст, аз ВУД огоҳинома гирифтаанд, ки интиқоли гусфандон дар Маскав санҷишу назорат мешавад.

"Мошинҳоро месанҷанд ва агар дар бордон гусфанди зиндаро пайдо кунанд, бо ронанда корҳои фаҳмондадиҳӣ мегузаронанд. Мефаҳмонанд, ки маросими қурбониро дар ҳудуди шаҳр, ба истиснои ҷойҳои махсус, гузарондан мумкин нест", — изҳор доштааст Аббосов.

Ӯ таъкид намудааст, ки қурбонӣ дар Маскав ба шевае, ки 5-6 сол пеш ҷой дошт, амалӣ нахоҳад шуд.

 "Корҳои фаҳмондадиҳӣ гузарондем ва ҷойҳои махсус барои куштани гусфандон дар қаламрави Маскаву назди онро нишон додем. Яке аз чунин ҷойҳо дар "Маскави нав", дигаре дар деҳаи Сатино-Татарская ва 13 нуқтаи дигар дар навоҳии назди Маскав мебошанд, ки суроғаашон дар сомонаи раёсати минтақавии мусалмонон rosmuslim.ru нишон дода шудааст", — изҳор доштааст Аббосов.