Баъди голборон: куштигири маъруфи тоҷик бемор шуду ба майдон набаромад

Дастаи Тоҷикистон дар рӯзҳои аввали бозиҳои тобистонаи Осиё - 2018 натавонист пирӯзие ба даст орад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 21 авг — Sputnik. Тавре Кумитаи миллии олимпӣ дар сомонааш иттилоъ додааст, дар баробари шикасти тими мунтахаби бонувони футболбози Тоҷикистон, паҳлавонон дар намудҳои дигари варзиш низ то 20 август медале ба даст наовардаанд.

Ба иттилои Кумитаи миллии олимпӣ 19 август паҳлавони маъруф, Искандари Рустам дар вазни 97 кило бо сабаби нотобӣ натавонист куштӣ бигирад.

Искандари Рустам дастаи мунтахаби Тоҷикистонро дар маросими ифтитоҳи Бозиҳои Осиё —2018 бо барафрохтани Парчами давлатии кишвар муаррифӣ намуда буд.

32-0: бохти таърихӣ ва камназири тими мунтахаби Тоҷикистон (ВИДЕО)

Ба иттилои Кумитаи олимпӣ, варзишгарони дигари тоҷик дар намудҳои варзиши куштӣ, тирандозӣ ва ушу иштирок карданд, аммо аз медалҳо бенасиб монданд.

Дар гуштини озод 5 варзишгари Тоҷикистон вориди рақобат шуданд. Дар вазни 57 кг Ҳикматулло Воҳидов аз намояндаи Муғулистон, дар вазни 86 кг Баҳодур Қодиров аз варзишгари Қазоқистон дар рақобати аввал шикаст хурданд.

Дар вазни 65 кг Абдулқосим Файзиев дар рақобати аввал бар варзишгари Тайланд бо ҳисоби 12:2, дар вазни 74 кг Гамид Ҷалилов бар варзишгари Покистон бо ҳисоби 10:0 ғалаба карда, вале дар рақобати дуюм мутаносибан аз варзишгарони Ҳиндустон ва Кореяи Ҷанубӣ мағлуб гардиданд.

Пирӯзӣ бар андешаи куҳна: тавсифи Умед Давлатзод аз қолабшикании бонувони футболбози тоҷик

Дар тирандозӣ аз туфанг ба масофаи 10 метр дар рақобатҳои тими омехта Тоҷикистон ҷои 15-ум ва дар тирандозӣ аз таппонча дар масофаи 10 метр дар рақобатҳои тими омехта ҷои 21-умро ишғол намуд.

Кумитаи миллии олимпӣ афзуд, ки дар рӯзи авали баъд аз маросими расмии кушодашавии бозиҳо варзишгарони 17 кишвар соҳиби медал шуданд ва варзишгарони 9 кишвар ба унвони қаҳрамонӣ даст ёфтанд. Дар ҷадвали ҳисоби медалҳо Чин бо 16 медал (7 тилло, 5 нуқра, 4 биринҷӣ), Ҷопон бо 14 медал (3-6-5), Кореяи Ҷанубӣ бо 11 медал (2-3-6) дар се ҷои аввал қарор доранд.

Бозиҳои 18-уми тобистонаи Осиё, ки аз 18 август то 2 сентябри соли равон дар шаҳрҳои Ҷакарта ва Палембанги Индонезия баргузор мешавад, дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар ҳайати беш аз 100 нафар, аз ҷумла 81 варзишгар аз рӯи 16 намуди варзиш — футболи бонувон, варзиши сабук, шиноварӣ, гуштин, таеквондо, каратэ, дзюдо, кураш, самбо, ҷиу-ҷитсу, вазнбардорӣ, камонварӣ, тирандозӣ, бокс, қайиқронӣ ва ушу иштирок мекунад.