Пирӯзӣ бар андешаи куҳна: тавсифи Умед Давлатзод аз қолабшикании бонувони футболбози тоҷик

Умеди Давлатзод, яке аз ходимони давлатӣ ва чеҳраҳои саршиноси тоҷик мегӯяд, дастаи бонувони футболбози Тоҷикистон набояд аз бохт бо ҳисоби бузург навмед шавад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 21 авг — Sputnik. Давлатзод дар шарҳи шикасти тими мунтахаби Тоҷикистон аз дастаҳои Чин ва Кореяи шимолӣ бо ҳисоби умумии 0:32 изҳор дошт, ки худи ширкати тим дар ин бозиҳо аллакай муваффақияти бузургест.

Ӯ пирӯзии бонувони футболбози тоҷикро дар он хонд, ки тафаккури куҳнаи роиҷ дар ҷомеаро шикаст доданд.

32-0: бохти таърихӣ ва камназири тими мунтахаби Тоҷикистон (ВИДЕО)

"Худи ширкати тим дар ин бозиҳо аллакай муваффақияти бузургест. Ин аллакай шикасти қолаби кӯҳнаи андешарониҳои мост. Бале, мутаассифона, ҳисоби бузург аст, аммо навмед набояд шуд. Пирӯзиҳо, иншоаллоҳ, дар пешанд", — таъкид кард Давлатзод.

Ин назар дар ҳолест, ки дар бархе аз доираҳои Тоҷикистон футбол хоси занон хонда намешавад ва бисёре аз мардон рисолати занро танҳо дар анҷоми корҳои хона, таваллуди фарзанд ва тарбияи онҳо медонанд.

Мунтахаби бонувони Тоҷикистон 20 август дар Бозиҳои Осиё-2018 дар гурӯҳи "В" аз тими Чин бо ҳисоби 16:0 шикаст хӯрд. Қаблан дастаи Тоҷикистон дар  аввалин дидораш бо тими Кореяи шимолӣ бо ҳисоби 16:0 мағлуб гардида буд.

Рӯзи 22 август бозии тими Тоҷикистон бо бонувони футболбози Ҳонгконг дар назар аст.