ДУШАНБЕ, 20 авг — Sputnik. Евгения Войко, коршиноси масоили сиёсӣ бар онаст, ки дидору мулоқоти роҳбарони Тоҷикистону Узбакистон иқдоми муҳим барои ҳалли масъалаҳои муҳим миёни ду кишвар мебошад.
Ба гуфтаи вай ин иқдом барои рушди савдо ва ҳамкориҳои тиҷоратӣ миёни ду кишвар мусоидат хоҳад кард.
"Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев барои ҳар ду кишвар муҳим мебошад. Иқтисоди Тоҷикистону Узбакистон ҳанӯз дар замони шӯравӣ ба ҳам вобаста буданд. Бад шудани иртибот дар солҳои 90-ум вазъи Тоҷикистонро бадтар кард. Бешак Узбакистон низ мушкилоти зиёде пайдо кард, аз ҷумла дар захоири обӣ", — таъкид кард Войко ба радио Sputnik.
Инчунин вай афзуд, ки суоле мавҷуд аст, ки раисониҷумҳури ду кишвар барои расидан ба ҳадафҳои худ ва рушди ҳамкорӣ миёни кишварҳо то чӣ андоза гузашт хоҳанд кард. Ин дар ҳолест, ки дар равобити ду кишвар баъд аз 20 соли сардӣ баъзе аз мушкилоти ҳалнашуда боқӣ мондааст.
Ёдрас мешавем, ки аввалин сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Узбакистон баъди 17 сол 17-18 августи соли равон анҷом ёфт.
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ва Шавкат Мирзиёев, раҳбари Узбакистон Созишнома дар бораи ҳамкории шарикии стратегиро ба имзо расонданд.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Узбакистон дар ин санад ҳадаф ва дурнамои шарикии устувори ду кишвар муайян шудаанд.
Ба иттилои манбаъ инчунин 27 санади дигар дар бахши саноат, стандарту сертификатдиҳӣ, убури марз, эътирофи санадҳои тарафайн дар бораи таҳсил, геодезия, геология, хоҷагии қишлоқ, фарҳанг, тиҷорат, илм, техника, ҳамкорӣ миёни Сурхондарё ва Хатлон, Самарқанд ва Суғд ба имзо расидаанд.
Сарони ду кишварҳо аз рафти гуфтушунид ва натиҷаҳои он изҳори қаноатмандӣ кардаанд.