Дастаи занони волейболбози ВМКБ қаҳрамони Тоҷикистон шуд

Дастаи занони волейболбози Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон дар мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистон дар Хоруғ пирӯз шуд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 19 авг — Sputnik. Дар мусобиқа дастаҳои ВМКБ, вилоятҳои Суғд, Хатлон, навоҳии тобеи марказ ва шаҳри Душанбе иштирок кардаанд.

Дар бозии ниҳоӣ дастаи ВМКБ тими Суғдро шикаст дода, ҷои якум гирифт. Дастаи Душанбе мақоми сеюмро соҳиб шуд.

Қаблан дар мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистон миёни мардон дастаи волейболбозони "Душанбе-1" ҷои якум, "Хатлон-1" ҷои дуюм ва "Душанбе-2" дар зинаи сеюм қарор гирифта буд.