Навори шармсоркунии зани муттаҳам ба дуздӣ

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворе паҳн шуд, ки дар он занеро як гурӯҳ фурӯшандагон "ҷазо" медиҳанд. Онҳо мехоҳанд либосҳои занро, ки ба дуздӣ муттаҳам мешуд, дар назди омма кашанд
Sputnik

Ҳодиса дар вилояти Андиҷони Узбакистон рух додааст: як гурӯҳ одамон ба зане, ки ба дуздӣ муттаҳам мешуд, дармеафтанд. Онҳо бо хотири шамсор кардани вай мехоҳанд либосҳои ӯро бадар кунанд, аммо зан роҳи наҷоти худро пайдо мекунад.

Тавре дида мешавад, ҳама ҳуҷумкунандагон  занон будаанд. Мардҳо дар як ҷониб истода, ҳодисаи нанговарро тамошо мекарданд.

Бино бар маълумоти пешакӣ, зан аз бозор чизеро дуздидаасту фурӯшандагон хабардор шудаанд. Онҳо бо ҷанҷол ором нагирифта, мехоҳанд занро урён кунанд. Аммо вай худро ба ҷӯйбор мепартояд ва ҷони худро халос мекунад.

Дар навор дида мешавад, ки ба ҳамлагарон даст медиҳад, ки  пироҳани зани муттаҳамро кашанд. Зан дар ҷӯйбор зуд шино карда, аз ҷойи ҳодиса мегурезад.

Тибқи маълумоти пешакӣ заноне, ки худсарона хостанд дуздро муҷозот кунанд, ба ҷавобгарӣ кашида шуданд. Иттиҳомоти дуздии ҷабрдида тафтиш мешавад.