Ҷасади кӯҳнавардони рус ба Ватан интиқол ёфт

Ҷасади се кӯҳнаварди рус, ки дар пайи нишасти изтирории чархболи Ми-8 дар Лахш ба ҳалокат расида буданд, ба воситаи ҳавопаймои ширкати "Сомон Эйр" ба Русия интиқол ёфт
Sputnik

ДУШАНБЕ, 17 авг — Sputnik.  Ҷанозаи се кӯҳнаварди рус, ки рӯзи 12 август дар пайи нишасти изтирории чархболи кӯҳнавардон дар ноҳияи Лахши вилояти Хатлон кушта шуданд, субҳи имрӯз, 17 август ба Русия интиқол ёфт. Дар ин бора хабарнигори РИА Новости дар Душанбе иттилоъ додааст.

Ҷасади се кӯҳнавард — Тимур Барабанов, Александр Абросимов ва Руслан Таракановро, ки ҳангоми суқути чархбол дар кӯҳҳои Помири Шарқӣ кушта шуданд, ширкати хусусии "Сомон Эйр" анҷом медиҳад. Ҳавопаймои парвози Душанбе-Москва соати 08:00 бо вақти маҳаллӣ парвоз кардааст.

Ҷасади Тимур Барабановро хоҳараш ба ватан меорад.

Ёдрас мешавем, дар пайи суқути чархболи кӯҳнавардон, ки ҳомили 15 кӯҳнавард ва се сарнишин буд, се кӯҳнаварди рус ва 2 сарнишини тоҷик ба ҳалокат расиданд Чанд тани дигар, аз ҷумла шаҳрвандони Русия дар бемористон ва 4 нафарашон дар шӯъбаи эҳёгарӣ қарор доранд.