Султонбек Шодмонов барои "хидмат" ба ДОИШ ба 17 соли зиндон маҳкум шуд

Ҷавон ҳангоми кор дар Русия ба гурӯҳҳои тундгаро гаравида, бар зидди нерӯҳои давлатии Сурия дар задухӯрдҳои ҷангӣ ширкат кардааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 16 авг — Sputnik. Султонбек Шодмонови 33-сола барои ширкат дар амалиётҳои ҷангӣ дар Сурия ба 17 соли зиндон маҳкум шуд.

Тавре дафтари матбуотии додситонии кулли Тоҷикистон гузориш медиҳад, ин сокини ноҳияи Кушониён соли 2009 барои кор ба шаҳри Қазон рафта, дар Русия ба гурӯҳи терористии ДОИШ (мамнӯъ дар Тоҷикистон) гаравидааст.

Гуфта мешавад, Султонбек моҳи майи соли 2014 ба Туркия сафар карда, сипас ба Сурия рафтааст.

"Ҷавон дар Сурия бар зидди нерӯҳои давлати кишвар дар амалиёти ҷангӣ иштирок кардааст", — гуфта мешавад дар иттилои манбаъ.

Дар Тоҷикистон нисбати Султонбек Шодиевич дар соли  2016 бо моддахои 401 прим 1 ва 307 прим 3 қисми 2-и КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуд.

Додгоҳи вилояти Хатлон санаи 17.04.2018 сол Султонбекро бо моддаи 307 прим 3 қисми 2 ва моддаи 401 прим 1 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста, дар барои 17 сол ба зиндони низомаш сахт таъин равон кардааст.