Суғд: то 30-солагии Истиқлолият беш 260 иншоти соҳаи тандурустӣ бунёд мешаванд

Раҷаббой Аҳмадзода раиси вилояти Суғд дар ҷамъомад ба муносибати Рӯзи кормандони соҳаи тиб эълон намудааст, ки то ҷашни 30-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон беш аз 260 иншооти соҳаи тандурустӣ бунёд ва навсозӣ карда мешавад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 15 авг — Sputnik. Раҷаббой Аҳмадзода раиси вилояти Суғд зимни суханронии худ гуфт, ки бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон бо маблағгузорӣ аз ҳамаи сарчашмаҳо сохтмон, таъмир ва азнавсозии 267 иншооти тандурустӣ ба маблағи 165,7 миллион сомонӣ ба нақша гирифта шудааст.

Дар ин бора дафтари матбуоти Ҳукумати вилояти Суғд хабар медиҳад.

Ба гуфтаи Аҳмадзода барои баланд бардоштани мақоми табибон ва беҳтар гардидани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ тадбирҳои амалӣ меандешад.

Суғд дар Интернет сармоягузор меҷӯяд

"Агар дар соли 2003 аз буҷети вилоят барои соҳаи тандурустӣ ҳамагӣ 9,4 миллион сомонӣ маблағ ҷудо шуда бошад, пас ин нишондиҳанда дар соли 2018-ум ба 391 миллион сомонӣ баробар шуд, ки нисбати понздаҳ соли пеш қариб 42 маротиба зиёд мебошад", — таъкид кард вай.

Вай афзуд, ки дар нимсолаи аввали соли равон аз буҷети вилоят барои соҳаи тандурустӣ 172,9 миллион сомонӣ маблағ ҷудо карда шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 21,8 фоиз зиёд аст.

Баъд аз суханронӣ раиси вилоят ба 20 нафар собиқадорони соҳаи тандурустӣ туҳфаҳои хотиравӣ ва ба 9 нафар ғолибони озмуни вилоятии "Беҳтарин сартабиби муассисаи тандурустӣ" ба миқдори аз 2 то 10 ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ тақдим кард.