Андуҳи Эмомалӣ Раҳмон аз фурӯрезии пули Итолиё (ВИДЕО)

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ба ҳамтои итолиёвияш дар робита ба фурӯрезии фалокатбори пул дар ин кишвар изҳори ҳамдардӣ кардааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 15 авг — Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон дар барқияи тасаллият ба Серҷо Маттарелла, Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштааст, ки хабари ҳузнангези ба ҳалокат расидан ва ҷароҳат бардоштани шаҳрвандон бар асари фурӯ рафтани пули автомобилгард дар шаҳри Генуя боиси андӯҳи амиқи мо гардид.

"Ҳамдардии самимии инҷонибро ба пайвандон ва наздикони фавтидагон ирсол дошта, барои ҳамаи осебдидагон шифои комил хоҳонам", —изҳор доштааст Эмомалӣ Раҳмон.

Пули мошингузар, ки соли 1960 сохта шудааст, дар шаҳри Генуяи Италия 14 август чаппа шуд, ки дар натиҷа 39 нафар аз ҷумла наврасон ҷон додаанд. Додситонии Итолиё таҳқиқи ин фоҷеаро оғоз кардааст.