Садҳо соҳибкори тоҷик ба Тошканд рафтанд

Баъд аз ҷаласаи Шӯрои соҳибкорони Тоҷикистону Узбакистон имзои беш аз 40 созишнома дар назар аст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 15 авг — Sputnik. Беш аз 250 намояндаи доираҳои соҳибкории Тоҷикистон ба Узбакистон сафар кардаанд. 

ДУШАНБЕ, 15 авг — Sputnik. Тибқи барномаи сафари соҳибкорони тоҷик, ҷаласаи Шӯрои соҳибкорони Тоҷикистону Узбакситон дар назар аст.

Қарор аст ҷаласаи мазкур 17-18 август, дар рӯзҳои сафари расмии раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Тошканд, баргузор шавад.

Маҷлиси Шӯрои мазкур дар "Узэкспоцентр"-и Тошканд баргузор хоҳад шуд.

Тошканд ҷузъиёти сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Узбакистонро эълон кард

Дар ҳайати тоҷирони Тоҷикистон намояндагони ширкатҳое, ки ба тавлиди алюминий, маҳсулоти нассоҷӣ, маҳсулоти хурока, маҳсулоти чармӣ, масолеҳи сохтмонӣ, порча, либос ва пойафзол машғуланд, шомил ҳастанд.

Пас аз ҷаласа имзои 40 санади дуҷонибаи тиҷориву иқтисодӣ ва сармоягузорӣ ба маблағи беш аз 200 миллион доллар дар назар аст.

Ёдрас мешавем, пештар хабар дода шуд, ки рӯзи сафари раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Узбакистон маълум шуд. Кишвардори Тоҷикистон 17 август бо сафири дурӯза вориди Тошканд мешавад.

Рӯйхати ҳунармандоне, ки бо раисҷумҳур ба Узбакистон мераванд, маълум шуд

Коршиносон аз ин дидори сарони кишварҳо умеди калон доранд. Интизор меравад, ки масъалаи демаркатсия байни ду кишвар пурра ҳалли худро меёбад. Яке аз минтақаҳои марзии Тоҷикистону Узбакистон пас аз пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ то ҳол нишонагузорӣ нашудааст.

Раисиҷумҳурро дар ин сафар афзун ба ҳайъати расмӣ намояндагони фарҳангу илми Тоҷикистон ҳамроҳӣ хоҳанд кард.