То 50 ҳазор доллар: пардохти бима ба ҷабрдидагони садамаи МИ-8 дар Лахш

Пардохти суғуртавӣ ба ҷабрдидагони садамаи чархболи МИ-8 дар Тоҷикистон аз 30 то 50 ҳазор доллари амрикоиро ташкил хоҳад дод
Sputnik

ДУШАНБЕ, 15 авг — Sputnik. Шӯрои рушди сайёҳии Тоҷикистон иттилоъ додааст, ки куҳнавардонро ширкатҳои "РЕСО-гарантия" ва "Сбербанк страхование" бима кардаанд.

КҲФ расман ному насаби мусофирони ҳалокшудаи чархболро дар Лахш эълом кард

Намояндаи Шӯро дар суҳбат бо РИА Новости изҳор доштааст, ки ҳамкориро бо ширкатҳои суғуртавии Русия, Белорусия ва Испания оғоз кардаанд ва ҳамаи ин ширкатҳо омодаанд уҳдадориҳояшонро дар назди ҷабрдидагон иҷро кунанд. 

"Ширкатҳо бо асноди пешниҳодкардаи мо мувофиқанд ва омодаанд ба маҷруҳон ва оилаҳои қурбониён ҷуброн пардохт кунанд", — изҳор доштааст, масъули Шӯро.

Ӯ таъкид намудааст, ки бидуни бима куҳнавардонро барои баланд шудан ба куҳҳои Тоҷикистон иҷозат намедиҳанд.  Инчунин Шӯро аз корҳои ҷустуҷӯӣ — наҷотдиҳӣ, ки бо иштироки чор чархбол амалӣ шудааст, изҳори розигӣ намудааст.

Вазъи ваҳими ду кӯҳнавард ва бозгашти се нафари онҳо ба Русия

Игор Иванов, ноиби мудири ширкати "РЕСО-Гарантия" суғурта шудани гуруҳи куҳнавардонро дар ин ширкат тасдиқ карда, изҳор доштааст, ки ҷузъиётро бо шарикони ҳамкор дар Тоҷикистон дақиқ хоҳанд кард.

Инчунин табибони тоҷик аз беҳбуди вазъи маҷруҳшудагон дар садамаи чархбол дар ноҳияи Лахш хабар доданд.  Дар мавриди ҳалокшудагон Шӯрои сайёҳии Тоҷикистон изҳор доштааст, ки эҳтимол ҷасадашон рӯзи панҷшанбе ба зодгоҳашон ба Русия интиқол дода хоҳад шуд.

Чархболи ҳомили 15 куҳнавард ва 3 халабон 12 август дар ноҳияи Лахш суқут кард, ки дар натиҷа 5 нафар — 2 халабон ва 3 куҳнавард ҷон доданд.